Бобои барфӣ, Барфак, Аҷузкампир ва дигар қаҳрамонҳои афсонаҳои русӣ дар шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон намоиш дода намешаванд, хабар медиҳад «REGNUM» такя ба сомонаи «Uzmetronom».
Мувофиқи гуфтаи ин сомона, дар барномаҳои шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон, ки ба Соли нав бахшида мешавад, намоиши Бобои барфӣ, Барфак, Аҷузкампир ва дигар қаҳрамонҳои афсоанҳои русӣ тавсия дода намешавад, аммо арчаи солинавӣ барҷаста дар нақши аввал набошаду он арча хурд ва дар кунҷе бошад, нишон додан мумкин мумкин аст.
Мушаххас нагуфтаанд, ки ин дастурро кӣ додааст. Бо вуҷуди ин ҷашнгирии Соли нав бекор нашудааст ва арчаҳои солинавии президентӣ низ манъ нашудааст.