Categories Uncategorized

Роҳзанҳои хонаи Дости Бурут дастгир ва ифшо шуданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо иттиҳоми роҳзанӣ ва ғорати хонаи Дӯстмород Ҳакимов, маъруф бо лақаби Дости Бурут ва аз чеҳраҳои шинохтаи Файзобод, панҷ ҷавонро боздошт намудааст.

ВКД мегӯяд, “аз ҷониби кормандони милитсия дар ноҳияи Файзобод ҳамчун гумонбар дар роҳзанӣ шаҳрвандон: Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соли таваллудаш 1987, сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва Шарипов Фирӯз Ҷурахонович соли таваллудаш 1993, Умаров Муҳаммад Маҳмадсадиқович, соли таваллудаш 1973, Худойбердиев Санчимурод Абдураҳимович соли таваллудаш 1970, Комилҷони Сайфиддинзода соли таваллудаш 1991, сокинони ноҳияи Файзобод дастгир карда шуданд.”

Манбаъ мегӯяд, санаи 09 – октябри соли равон тахминан соати 24:30 – дақиқа нафарони дар боло зикршуда ва ашхоми ба тафтишот номаълум Маҳмад ва Абдулло занг зада, дар шаҳри Ваҳдат вохӯрда, маслиҳат намуда, нақшаи роҳзанӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд Ҳакимов Достмурод, сокини ноҳияи Файзободро тарҳрезӣ кардаанд.

Сипас, онҳо бо таппончаи бозичагӣ ва кордҳои қатъшаванда мусаллаҳ гашта, дар автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ба самти ноҳияи Файзобод ҳаракат намудаанд. Бо дастуру пешниҳоди Ҳакимов Барзу Мизробшоевич соати 01:00-дақиқа ниқобу дастпӯшакҳои сохтмониро пӯшида, Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро ҳамчун назоратчӣ дар паси дар гузошта, боқимонда ҷинояткорон аз кушода будани дари истиқоматӣ истифода намуда, ба хонаи Ҳакимов Достмурод ворид гаштаанд.

Онҳо бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр бо истифодаи зӯрӣ барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок, бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ ва бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷинояткоронаашон вориди ҷои хоби Ҳакимов Д. гашта, аз кисаи костюмаш маблағи 1700 сомонӣ, баъди он аз дастони завҷааш Ҳакимова Гулсун ду ангуштарин ва як адад дастпонаи тиллогинро тасарруф намуда, набераи 16-солаи соҳибхона Ҳакимов Абдулҳак Меҳробовичро зери мушту лағат қарор дода, ба соҳибхона супориш додаанд, ки калидҳои сандуқи оҳанини (сейф) дар ҳуҷра бударо ба онҳо диҳанд.

“Аммо  аз ин ҳодиса кормандони милитсия хабардор шуда, фавран Шарипов Фирӯз Ҷурахоновичро дар ҷойи ҳодиса ва боқимонда ҳаммаслаконашро ҳангоми гурехтанашон дастгир намуданд. Аз онҳо 1-адад ангуштарин, 1-адад корди қатъшаванда, 1-адад бастаи скоч, 1 ҷуфт дастпӯшакҳои сохтмонӣ ва автомашинаи тамғаи «Нексия», рақами давлатиаш 24-37 АР 02 РТ, ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи 249 қисми 4 бандҳои «д» ва «в» парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.” – омадааст дар сомонаи расмии ВКД.

More From Author

You May Also Like