Ҷ. ҲОКӢ
30.12.2011, 12:54
Бобоҷон Ғафуров, яке аз қаҳрамонони Тоҷикистон, Арбоби сиёсию давлатӣ ва муаррихи тоҷик ба шумор меравад. Ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик умри гаронмояи худро барои миллати худ сарф намуд ва бо меҳнату заҳматҳои илмию таҳқиқотии худ барои Ватан хидмат кард. Устод Ғафуров, ягона шахсиятест, ки баъд аз устод Айнӣ дар давраи шӯравӣ ба тадқиқи таъриху тамаддуни тоҷикон даст зад. Аллома Ғафуров дар ин марҳила риштаи тоҷикшиносиро густариш бахшид ва миллати тоҷикро дар ҷаҳон ҳамчун миллати соҳибфарҳангу тамаддун муаррифӣ намуд.
Лозим ба ёдоварист, ки халқи тоҷик дар тӯли таърихи тӯлонияш бисёр аз шахсиятҳову абармардони фарҳангу тамаддун ва нобиғагони илму маърифатро ба дунё овардааст, ки бо осори ҷовидона ва гаронбаҳояшон на танҳо ба халқу кишвари худ саҳм гузоштаанд, балки дар рушд ва нумуи илму фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазо доштанд. Ҳамзамон Б. Ғафуров аз ҷумлаи он бузургмардоне ба шумор меравад, ки дар тӯли ҳаёти мубораки худ бо таълифи чанде аз осори гаронбаҳояш, тавонист таърих ва бузургии миллати тоҷикро пешкаши ҷаҳониён кунад. Осори ӯ бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва мунташир шудаанд. Дар байни осори вай китобҳо, чун “Таърихи Тоҷикистон” ва “Тоҷикон” ҷой доранд, ки аз бузургтарин осори таҳқиқотии ӯ ба шумор мераванд.
Вай дар рустои Исфисор 31 декабри соли 1909 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Дараҷаи доктории худро аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ барои рисолаи “Таърихи мазҳаби Исмоилиён” дар соли 1941 ба даст овард. Аз соли 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Комунистии Тоҷикистон фаъолият мекард. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш 1977 Ғафуров вазифаи мудири Муассисаи Пажӯҳишҳои Шарқшиносии Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ва муҳаррири маҷаллаи “Осё ва Африқо” – ро бар ӯҳда дошт.
Бобоҷон Ғаффуров дар тӯли зиндагии худ дар вазифаҳои гуногуни фарҳангӣ илмӣ фаъолият кардааст. Яке аз вижагиҳои бузурги Ғафуров дар даврони Шӯравӣ он аст, ки ӯ дар ҳама ҳолат аз миллату кишвар ҳимоят мекард ва инро муқаддастарин хидмат барои худ медонист. Дар умум ин шахсияти маъруфи тоҷик аз чеҳраҳои фарзонаест, ки ҳаёти худро пайи таҳқиқу тадқиқ ва кашфиёт паси сар намуд. Ҳамзамон мо дар рӯзҳое қарор дорем, ки Б. Ғафуров дар ин рӯзҳо ё аниқтараш 31 декабр ба дунё чашм кушодааст ва дар ин маврид хостем бори дигар дар бораи шахсият ва бузургии фарзанди миллат бо олимону коршиносон суҳбате дошта бошем.
Дар бораи олим ва донишманд будани Бобоҷон Ғафуров, Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, сиёсатшинос бар ин назараст, ки бузургии ин олим на дар навишти китоби «Тоҷикон» таҷассум ёфтааст, балки дар замони фаъолияти ӯ хеле сахтиҳо ба ӯ рӯ ба рӯ шудаанд, ки Б. Ғаффуров тавонистааст, ҳамаи онҳоро паси сар намояд ва мавқеъи тоҷикро дар ин китоб ҳифз намояд. Ӯ мегӯяд, «Халқи тоҷик як силсила академикҳоро дошт ва яке аз онҳо олими забардаст устод Бобоҷон Ғаффуров ҳастанд. Б. Ғаффуров на фақат барои навиштани китоби «Тоҷикон», балки дар замони фаъолияти ӯ кашмакашиҳо хеле сахт буд. Ӯ тавонист, ки дар ин росто бо муборизаҳои бардавоми худ истодагарӣ намояд, ки номи ин китобро дар вазъияти хеле сангин бо номи «Тоҷикон» ҳифз намояд. Дар Осиёи Марказӣ аввалин китоби классикие, ки ба номи халқи тоҷик таълиф шудааст ин «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғаффуров мебошад. Бинобар ин мо ба ин назар ҳастем, ки Бобоҷон Ғаффуров аввалин академики тоҷик ба шумор меравад».
Воҳидхон Қосиддинов, раиси дастгоҳи ҲНИТ нақш ва хидмати ин абармарди тоҷикро дар Тоҷикистон беназир медонад. Зеро ба андешаи ӯ тамоми кӯшишҳои ҳамсоякишварҳо дар аҳди замони шӯравӣ барои маҳв кардани забон ва фарҳанги тоҷик равона шуда буданд, вале мавқеъгирии Б. Ғаффуров тавонист, ки ин ҳамаро барбод диҳад.
Воқеан ҳам, хидматҳои Бобоҷон Ғаффуров барои халқи тоҷик беназир аст. Шояд кам нафаре ёфт шавад, ки мисли ӯ дар таърихи халқи тоҷик хидматеро барои шиносондани тоҷикон ва мавқеъгирии онҳо дар дунё нақш бозида бошад. Ба даврони шӯравӣ агар назар кунем, тамоми мубориза ва кӯшишу ғайрати ҳамсоякишварҳоямон барои маҳв кардани халқи тоҷик равона шуда буд. Бо ташаббуси баъзе аз масъулини камхиради мо баъзе аз шаҳрҳои қадимии тоҷикнишин, мисли Бухорову Самарқандро низ аз даст дода ва онҳоро ба кишвари Узбакистон доданд, ки насли имрӯз ин мушкилотро имрӯз эҳсос карда истодаанд. Дигар кӯшише, ки дар он давра ба назар мерасид, мубориза бар зидди забон ва аз байн бурдани фарҳанги тоҷик буд. Аммо Бобоҷон Ғаффуров дар тамоми ҷаҳон нишон дод, ки халқи тоҷик дар худ чи бузургӣ, чӣ тамаддун ва чӣ таърихе дорад. Ин шахсият тавонист, ки мавқеъи тоҷикро дар тамоми дунё муаррифӣ кунад. Ҳамзамон Бобоҷон Ғафуров нестшавиву маҳшавӣ халқи тоҷикро нигаҳ дошт. Ривоятҳое, ки дар забони мардуми Суғд ҳаст, Бобоҷон ягона нафаре буд, ки дар даврони шӯравӣ 5 вақт намози худро дар ҷойи кориаш тарк намекард.
Рустами Ваҳҳоб, яке аз адибони кишвар мегӯяд, дар замони таълифи китоби «Тоҷикон» сар то сари шӯравиро ғулғула фаро гирифта буд. Вале дар охир ин асар аз тарафи шахсияти барҷастаи табақаи ҳукумрони он замон раиси собиқи Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон ва раҳбари Институти Африқо ва Осиё таълиф шуда буд. Дар идома Рустами Ваҳҳоб афзуд, ки «Ман фикр намекунам, ки дар он давра мардуми дигаре ҳамчунин асареро ба майдон оварда бошанд, ки аз ҳуввият ба сурати илмӣ ва мустанад ҳикояту сӯҳбат кунад. Ин китоб ба истилоҳ дар нафси худаш беназир буд. Хидмати дигареро дар марҳалаи навини таърихи миллии тоҷикон, дар оғози барқарории Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби “Намунаи адабиёти тоҷик” – и устод Садриддин Айнӣ анҷом дода буд. Давроне буд, ки бо таҷдиди назар миллатҳое мавҷуд дар ҳайати шӯравии собиқ барои таъйиди ҳуввияти хеш ва ҳувиятсозӣ иқдоме карданд. Зеро ки дар ин даврон ҳамзамон бо он ки як фазои нисбатан бозии фикрӣ ва ақидатӣ пайдо шуда буд, як ҷараёни дигаре ҳам на камтар нерӯмандтар аз он ҷараёни ҳуввиятзудоӣ пайдо шуда буд. Ҳамчунин назарияеро ба майдон ворид карда буданд, ки дар оянда ҳамаи миллати шӯравӣ ба унвони як миллат, ғолибан забони ҳамаи онҳо забони русӣ хоҳад буд ва забонҳои миллӣ аз байн бардошта мешуд. Тарафдорони ин назария ҳам зиёд буданд ва ҳамчунин интизорӣ ҳам доштанд. Вале …. Бинобар ин таълифи чунин як асар бо решаёбӣ ва муаррифии ҳуввияти таърихии тоҷикон дар он давра иқдоми бисёр диловарона ва муассир дар рӯёрӯ бо ин ҳувиятзудоӣ буд».
Гиромидошти хотираи дурахшони Б. Ғафуров мактаби бузурги худогоҳиву хештаншиносии таърихӣ ва миллӣ аст. Бинобар ин мо бояд хотираи бузургонамонро, ки хидматҳо дар роҳи устувории миллат ва давлат кардаанд пос дорем ва аз ҳаёту фаъоляити фидокоронаашон сабақ бигирем.