Categories Ахбори рӯз

Боздошти афсаре бо ҷурми ришваситонӣ

Сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ Маҳмадулло Асадуллолев ба хабаргузориҳо гуфтааст, ки масъули бахши низомии Донишгоҳи варзишии ба номи Сайидмӯъмин Раҳимов бо ҷурми ситонидани 150 доллар аз як донишҷӯ боздошт гардидааст. Гуфта мешавад, ки ин нафар ба донишҷӯе ба ивази додани унвони ҳарбӣ аз ӯ 150 доллар хостааст. Ёдовар бояд шуд, ки масъулони Оҷонси мубориза бо фасод дар охирин нишасти хабарияшон гуфта буданд, ки дар донишгоҳҳо афзоиши амалҳои коррупсионӣ ба назар мерасад.

More From Author

You May Also Like