Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли 2014 аз ҷониби комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳо 161 парванда оид ба вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» тартиб дода шуда, ҷиҳати чораандешӣ ба судҳо ирсол шудааст, ки маблағи умумии ҷаримаи онҳо 594 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
Тавре аз дафтари матбуоти Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ин давра дар вилояти Хатлон 57, вилояти Суғд 69, шаҳри Душанбе 18 ва шаҳру навоҳии тобеи марказ 17 ҳолати нақзи қонун ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, аз тарафи Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ 19 ҳолати қонуншиканӣ ошкор ва парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
Categories
Ахбори рӯз