Имрӯз, 25-уми сентябр, даҳҳо сокинони мусалмони Қирғизистон дар назди сафорати Амрико дар Бишкек ҷамъ омада, хостори муҷозоти таҳиякунандагони филми “Бегуноҳии мусалмонон” шуданд.
Ташкили ин гирдиҳамоиро вакили мардумӣ аз ҳизби “Ор-Номус” ва чандтан аз пешвоёни қирғиз бар ӯҳда доштанд.
Эътирозгарон бо паёме ба раисиҷумҳури Амрико, Барак Обама, ва Конгресси Иёлоти Муттаҳида муроҷиат намуда, аз мақомоти ин кишвар даъват намуданд, ки ба ташвиқи ихтилофҳои байнимазҳабӣ роҳ надиҳанд.
Тазаккур бояд дод, ки ҳафтаи гузашта низ гурӯҳе аз фаъолони созмони ғайридавлатии “Мусулмонони воқеӣ” дар назди сафорати Амрико дар Бишкек як раҳпайомии хурде бо тақозои манъи филми зиддиисломӣ ташкил карда буданд.