Categories Uncategorized

Бо омадани Салимзода ҳам беҳбудии ҷиддӣ дида нашуд

14 декабр дар кишвар  ҳамасола “Рӯзи кормандони прокуратура” таҷлил карда мешавад. Прокуратура мақоми ягонаи марказонидашудаест, ки дар доираи ваколатҳои худ риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Точикистон бояд назорат намояд. Лозим ба ёдоварист, ки ин салоҳиятро Сарқонуни кишвар ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ин ниҳод додааст. ҳамзамон метавон гуфт, ки ҳатто боби 9-и Сарқонун пурра ба ин ниҳод бахшида шудааст.

Вале на ҳамаи шаҳрвандони кишвар ба ин ниҳод ва фаъолияташ  баҳои қаноатбахш медиҳанд ва ҳатто мустақил будани ин ниҳодро зери суол қарор медиҳанд. Ҳуқуқшиноси варзида Файзинисо Воҳидова аз ваколатаҳои зиёд доштани прокуратураро эътироф менамояд. Ба  қавли  ӯ он ваколату салоҳияте, ки прокурор имрӯз дорад,  ба ҷуз Сарқонун ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ҳамчунин дар Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ низ омадааст, ки аслан аз назорати якхелаи тадбиқи қонунҳо иборат буда, инчунин ба ваколати прокуратура як қатор амалҳои мурофиавӣ, назорат аз болои тафтишот, назорат аз болои қарорҳои судӣ (ҳам бо парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳам бо парвандаҳои гражданӣ) дохил мешавад.

Аммо мавсуф аз он нигарон аст, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ягон мақомоте нест, ки дар фаъолияташ мустақил бошад. «Тамоми мақомоти давлатӣ пойбанди ҳокимияти иҷроия ҳаст, гарчанде қонунгузорӣ, озодӣ ва мустақилият дар фаъолият додааст. Вале ин ҳама дар рӯйи коғаз аст, дар асл зимни фаъолият дахолат мешава… Дар хусуси курсии прокурори генералӣ, ки  чанд сол аст Шерхон Салимзода нишастааст, дар фаъолияти мақомоти прокуротура беҳбудиеро эҳсос накардаам» – мегӯяд Ф. Воҳидова.

Ҳаминро бояд гуфт, ки аз салоҳияти прокуратура соли 2010 танҳо иҷозат барои тадбиқ намудани чораи пешгирӣ, қатъ карда шуд ва ин салоҳият ба додгоҳ яъне суд вогузор гардид. Вале масъули хабаргузории «Озодагон», Хилватшоҳи Маҳмуд изҳор дошт, ки  ба сари мансаб (прокурори генералӣ) омадани Салимзода Шерхони Одина, ки ҳуқуқшиноси варзида ва як шахсияти воқеан ҳам қонуншинос дар низоми корӣ ин сохтор аст, таҳаввулоти зиёдеро мушоҳида кардааст. «Ҷо ба ҷогузории кадрҳо, таъин ва вазифагузорӣ беҳтару низоми қабули шаҳрвандони корафтода ба маҷрои худ даромад. Аксари сокинони кишвар низ аз шахси Салимзода ва муовинони феълии ӯ, аз шеваи кори онҳо то ҷойе розианду тарафдорӣ мекунанд. Аммо ба назари ман ҳодисаи ахир, ки дар додгоҳи шаҳри Кургонтеппа иттифоқ уфтод ва боиси ба маҳкама кашида шудани ду халабони хориҷӣ гардид ва баъдан, ки онҳо аз толор озод шуданд, назарҳоро дар ҷомеъа мухталиф кард. Чаро ки дар мурофиаи аввал, айбдоркунандаи давлатӣ тақозои то мӯҳлати 13 сол аз озодӣ маҳрум кардани лётчикҳоро мекард, дар додгоҳи таҷдиди назар бошад, намояндаи додситон ҳукмро сангин хонда, ҳукми одилона пешниҳод кард. Натиҷа чи шуд, дигар ба ҳамагон маълум аст. Дар маҷмӯъ фаъолияти додситонӣ дар қиёс ба дигар сохторҳои хифзи ҳуқуқ хубтар ба роҳ монда шудааст, аммо соҳаи мазкур ҳам ба ислоҳот албатта ниёз дорад. Зеро на қонун догма аст ва на суду прокурор ва на ягон ниҳоди дигари давлатӣ ва ғайридавлатӣ» мегӯяд Х. Маҳмуд.
Воқеан қазияи халабонҳо ба обрӯи Тоҷикистон ва мақомоти суду проркуратура рахна намуд. Дар ҳамин замина хабарнигор Носирҷони Маъмурзода гуфт:

– Чаро нафари муттаҳам, ки парвандааш аз сӯйи прокуратура ба суд мерасад,  тақрибан ягон шанси исбот кардани бегуноҳиашро надорад? Судҳо ҳатман нафари гумонбарро муҷрим мешиносанд. Як судя аз суди вилояти Хатлон ҳатто гуфт, ки агар судяҳо талоши «сафед» кардани нафари муттаҳамшавандаро бикунанд, ҳатман мавриди таъқиби прокуратура қарор мегиранд. Яъне Прокуратура аз воситаҳои фишор болои суд кор мегирад.

– Мисоли дигар  қазияи ҳавонавардони рус. Прокуратура нахуст ҳукми 8,5 соли маҳрумият аз озодии ҳавонавардонро одилона, вале «хеле нарм» номид, аммо дар давоми 24 соати оянда, ба ин ҳукм эътироз оварда, онро ғайриодилона ва «ниҳоят шадид» унвон кард.

Оё мақомоти прокуратура дар тасмимгириҳо комилан мустақил аст ё аз ҷонибе идорашаванда мебошад?
Сарфи назар аз ин ҳама, банда ба кори шаффофу одилона ва дар чаҳорчӯби қонуни кормандони мақомоти прокуратура умед дорам. Зеро эҳсоси шубҳа нисбат ба кори прокуратура инсонро ба ҳаёт, ҷомеа ва давлат пессимист (бадбин) мекунад» – гуфт Н. Маъмурзода.

Албатта, одамизод бехатову нуқсон нест, бинобар ин умед дорем, ки ин ниҳод баҳри расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандони кишвар ва фаъолият дар доираи қонунро бештар хоҳад намуд. Бо умед ва интизориҳои зиёд аз ин ниҳод ба ҳама масъулини ин ниҳод иди касбиашонро таҳният мегӯем.


                                                                                                                                                                                                                     С. Халил

More From Author

You May Also Like