Шабаҳи Протоколи 32 – 20
Қазияи рӯзи 20 феврали соли 2013 дар хонаи Содиқова Мунаввара дар деҳаи Сурхи шаҳри Исфара рӯйдодаро метавон, идомаи татбиқи шабаҳи протоколи 32-20 номид.
(Аз идора: Мо ин номаро ба ҳамон сабке, ки худи шоҳидон навиштаанд ва худ сарлавҳа гузоштаанд, ба қазовати хонандагон мегузорем. Ин нома сатҳи маърифат ва ахлоқи намояндаҳои ҳукуматро нишон медиҳад.)
Мунаввара Содиқова, шоҳид
“Мо ҷаласаи навбатии ҲНИТ-ро рӯзи 20.2.13 соати 8:00 бо ояти Қуръон кушодем. Вақте ман суханро ба раиси бахши фарҳанги ташкилоти ибтидоии ҳизб дар деҳаи Сурх додам, ҳамин вақт тахмин соати 8:20 дақиқа буд, ки ду коргари шуъбаи дохилӣ бе ягон садо кардан якбора ба даруни хонаи ман беодобона бо пойафзор даромад. Дар ҳамин вақт ман аз ҷоям хеста, онҳоро пешвоз гирифтам. Дар ҷаласаи мо ҳама варақаҳои қонунӣ дар пешамон гузошта шуда буд, ҳатто протокол навишта шуда буд. Вақте ман нақшаҳои кориро нишон додам, онро гӯш накарда, ба ман дуғ заданд. Ман гуфтам, ки бояд ба раиси ташкилоти ибтидоӣ Абдуманнон Содиқов занг занам, аммо маро нагузоштанд ва дари хонаро бастанд ва гуфтанд, ки китобҳои дар ҷевон бударо ба ин ҷо гир. Ман гуфтам, ки бо ин китобҳо шумо чӣ кор доред? Онҳо гуфтанд, ки мо бе иҷозат даромаданба ва китобҳоро гирифтанба ҳақ дорем.”
Содиқова Саъодатхон, шоҳиди дуюм
“Баъди дохил шуданашон кормандони шуъбаи дохила ба мо дуғу пӯписа карда, телефонҳоямонро гирифта, кисаҳоятонро мековем, гуфтанд.”
Азизова Отунхон, шоҳиди сеюм
“Ҳамаи китобҳои дар ҷевон будаи соҳибхонаро гирифта, ба ин ҷо мон гуфтанд. Баъд мо ҳама якҷоя ба онҳо ҷиддӣ посух додем, ки онҳо паст шуданд. Баъд ба раиси ташкилоти ибтидоӣ Содиқов Абдуманнон занг задем, омаданд. Баъди омадани Абдуманнон, мо дар даруни хона будем ва агар хато накунам, 15 нафар аз кормандони дохилию намояндаҳои ҳукумату ҷамоъат буданд.”
Мунаввара Содиқова: шоҳиди аввал
“Баъди омадани раиси ташкилоти ибтидоӣ, Қуръони ман, ки онро ҳар саҳар тиловат мекунам, нақшаҳои корӣ ва варақаи ҳаққулузвият ва аъзоҳаққӣ 106 сомонӣ болои миз буд. Ҳамаи онро ҷамъ карда гирифтанд. Маро муфаттиш пурсид: “Ҳамаи шумо Қуръонро бо навбат як порагӣ мехонетон?” Ман ба саволи ӯ чунин ҷавоб додам: “Дар нақшаи корӣ як саҳифа навишта шудааст, мо ҳамонро мехонем.” Баъд аз он, аз ҳамаи мо баёнот гирифта, рафтанд.
Баъд аз ҷаласа мо дар хонаи худ нишаста будем, ки аз идораи ҷамоат Назирова Муаззамхон ба гурӯҳи занҳои мо хабар доданд, ки соати 3 ба ҷамоъат биёед, зеро чор нафар аз занҳои ҳукумати шаҳр омада истодаанд, онҳо ба шумо барои ҷаласа гузаронидан кабинет ҷудо мекунанд. Мо ба сухани намояндаи ҳукумат бовар карда, шаш зан ба ҷамоъат рафтем. Дар он ҷо мо бо 4-нафар занҳои ҳукумат нишастем, ки онҳо ноиби раиси шаҳр Ғаниева Олия, Ҳасанова З, Раъно Маҳмудова ва Алиматова Меҳрӣ бо иштироки раиси ҷамоъат Валиев Ҳасан ва раиси шуъбаи танзим Аҳмедов Обидбой буданд.
Онҳо бо мо баҳс карданд ва моро гуфтанд, ки худатонро муаррифӣ кунед ва мо муаррифӣ кардем.
Пас аз мо пурсиданд: -Шумо аз кай аъзои ин ҳизб ҳастед?”
Ман гуфтам: – Аз соли 2000-ум инҷониб.
Пурсиданд: – Шумо дар ин ҳизб чӣ мақсад доред?
Мо гуфтем: – Мақсаду мароми мо ободии кишвару ватан ва тарбияи неки фарзанд ҳамчун модар аст.
Баъд Аҳмедов Обид гуфт: – Шуморо барои чӣ тайёр карда истодаанд, худатон медонед? Муҳиддин Кабирӣ Тоҷикистонро ба дигар давлатҳо рафта сиёҳ мекунад. Ман ба раисатон гуфтам, ки Ислома аз ҳизбатон гиретон….
Ғаниева ва Алиматова моро маҷбур карда, гуфтанд: – Шумо аз ҳизб бароетон, мо ба шумо ёрдам мекунем ва бо ҳам кор мекунем.
Баҳс бисёр шуда буд, баъд раисамон Абдулманнон чанд маротиба иҷозати даромадан карданд, онҳо иҷозат надоданд. Маротибаи сеюм раис даромада гуфтанд: “Ман раиси ташкилоти ибтидоии ҳизб ҳастам ва ҳақ дорам бо кадом мақсад занҳоро ба ин ҷо даъват кардетон? Ман бояд бифаҳмам.”
Раиси ҷамоати деҳа Валиев он шахс (яъне Содиқов)- ро тела карда, ба берун баровард ва ин ҳангом Ғаниева Олия занг зада гуфт: “Моро ба ин ҷо даъват кардетон, аммо ягон назоратчӣ нест. Содиқов Манон бе иҷозат даромада, ба ман дуғу пӯписа кард.”
Ин суханонаш дар ҳаққи раиси ташкилоти ибтидоӣ туҳмат буд. Бале, мо шаш нафар ба ин гап шоҳид ҳастем, ба ҳамин маҷлиси мо хотима ёфт. Мо аз зал баромадем, ки раисро гирифта рафтанд.”
Шоҳидон: Содиқова Мунаввара, Азизова Отунхон ва Содиқова Саъодатхон
21 феврали 2013