Categories ТАҲЛИЛ

Бузмаков: Шаҳрвандони мо дар мошиндӯздӣ даст надоранд

Абдураҳмон Бузмаков, муовини аввали вазири умури дохилии Тоҷиистон зимни баргузории нишасти матбуотӣ, ки имрӯз, 27-уми январ доир гардид, гуфт: дар соли 2013 дар кишвар 127 адад мошини дӯздӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 57-тои онҳоро аз Олмон ворид кардаанд. Ба гуфтаи номбурда ин мошинҳо то расидан ба дасти шаҳрвандони кишвар, аз 3-4 дасти дигар мегузаранд.
Чӣ тавре ҷаноби Бузмаков гуфт, дар асоси арзу шикоятҳои шаҳрвандон, ки 57 нафарро ташкил медиҳанд, суд ҳамчун харидорӣ бовиҷдон эътироф кардааст ва дар мавриди рабудани мошинҳо аз тарафи ягон кишвар ё шаҳрванд ба онҳо расман арзу шикоят нарасидааст, хусусан аз Олмон. “Дар Маркази Интерпол ҳамаи мошинҳои рабудашуда, ба қайд гирифта мешавад, вале мошинҳои ба Тоҷикистон ворид шуда, аз 3 то 6 моҳ ба қайд гирифта нашудаанд. Бо Олмон ё як сол пеш шартномаеро омода карда, барои ҳамкорӣ пешниҳод карда будем ва танҳо имзои он мондаасту халос”, иброз дошт Бузмаков.
Генерал Бузмаков шаҳрвандони кишварро бовиҷдон хонду, қайд кард, ки дар ин мошиндӯздӣ онҳо даст надоранд. Ҳамчунин ишон дар мавриди боздошти ҷинояткорон аз ҷониби Интерпол иқрор кард, ки дар соли гузашта бо дархости Тоҷикистон 11 ҷинояткор боздошт шудаанд: 10 нафар дар Русия ва 1 нафар дар Италия.
Чуноне дар нишасти имрӯза қайд шуд, ин 11 нафар ҷинояткор дар куштору таҷовуз ба номус ва дар дигар амалҳои ҷиноятӣ даст дошта, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштаанд.
Ёдовар мешавем, ки 20-уми декабри соли гузашта рӯзномаи олмонии “Bild” мақолае навишта буд, ки бо мошинҳои дӯздидашуда аз Олмон наздикони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гашту гузор мекунанд ва дар Тоҷикистон тақрибан 200 мошини сабукрав, асосан тамғаи BMW дарёфт шудааст, ки аз Олмон рабуда шудаанд.
Вале ВКД бо нашри як баёния инро рад карда, дар сомонааш навишт, ки ин гуфтаҳо асос надоранд.

More From Author

You May Also Like