Имрӯз, 3 майи 2013, Шӯрои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон бо пахши номаи табрикотӣ бахшида ба Рӯзи матбуот аҳли соҳаро табрик гуфта, навиштааст: “Ҳизби демократи Тоҷикистон… озодии сухан ва матбуотро асоси фаъолияти худ қарор медиҳад ва барои равнақи он талош хоҳад кард. Зеро, мо чунин меҳисобем, ки озодии сухан ва матбуот мисли ҳавоест, ки нафас мекашем. Агар он ҳаст, эҳсосшаванда нест, агар озодӣ нест- дамгир хоҳӣ буд.”
Дар нома инчунин омадааст: Матбуот “оинаи ҷамъиятиро мемонад, ки воқеияти зиндагиро инъикос менамояд. Бовуҷуд, дар баъзе кишварҳо то ҳанӯз матбуоти озод орзуи амалинашуда асту амнияти журналистон дар сатҳи поин қарор дорад.”
Ҳамчунин, нома аз таърихи ин Рӯзи ҷаҳонии матбуот ёдовар шуда, менависад: “Аз ин хотир, 3 майи соли 1993 –ро Ассамблеяи Генералии СММ Рӯзи матбуоти озод эълон намуду аз таҷлили он инак 20 сол мегузарад. Ин маънои эътирофи принсипҳои озодии сухан, матбуотро дорад ва ҳамчун санаи гиромидошти журналистони кушташуда таҷлил мешавад.”