Бузургтарин мард дар таърих

Аз қабоили бутпараст ва пароканда дар саҳро уммате воҳид ба вуҷуд овард. Бартар аз дини яҳуд ва дини Масеҳва дини қадими Арабистонойине сода ва дине рӯшан ва нерӯманд бо маънавиёте, ки асоси он шуҷоъат ва маноъати қавме буд, падид овард

Дидгоҳи соҳибназарони ғайримусулмон ва ситоишу эътирофоти андешамандони ғарбӣ аз Паёмбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}

Хоҷа к-аз чи гӯям беш буд,

Дар ҳама чизе ҳама дар пеш буд.

Васфи ӯ дар гуфт чун ояд маро?

Чун арақ аз шарм хун ояд маро.

Ӯ фасеҳи оламу мани лоли ӯ,

Кай тавонам кард шарҳи ҳоли ӯ?

Васфи ӯ кай лоиқи ин нокас аст,

Восифи ӯ Холиқи олам бас аст.

Анбиё дар васфи ӯ ҳайрон шуда,

Саршиносон низ саргардони ӯ.

(Фаридуддини Аттор)

Бахше аз ақволи бархе аз ховаршиносон ва номварон ва соҳибназарони ғайримусулмонро пешкаши азизон мекунем, ки шахсияти Паёмбари гиромиро {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ва сифтаҳои накӯяшро писандида ва сутудаанд, гарчи ҷомаи Ислом бар тан накардаанд, вале сухани ҳақро дар китобу навиштаҳояшон ба забон оварданд ва гувоҳии ҳақро дар сафаҳоти таърих сабт карданд ва ба бузургии Паёмбари мо {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} коил шудаанд.

Мепардозем ба нақли баъзе эътирофот ва гуфтори ин соҳибназарон.

1) Нависанда ва пажӯҳишгари британӣ, муъаллифи беш аз 12 китоб, хонум Карен Армстронг (Karen Armstrong, тав. 14 ноябри 1944) дар китоби «Муҳаммад: Зиндагиномаи Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}» (Muhammad: A Biography of the Prophet) менависад: «Агар ба Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз ҳамон дидгоҳе ки чеҳраҳои бузурги торихиро бинигарем, ба роҳатӣ ба ин бовар хоҳем расид, ки ӯ бузургтарин нобиғаи торихи башар буда аст. Ин бовар на ба хотири овардани Қуръон, ё эҷоди дини бузург, ё футӯҳоти низомӣ, балки ба хотири шароити хоссе ки ӯ дар он рушд ёфта, истодагӣ карда, пирӯз гардидааст, дар мо эҷод мешавад».

2) Ҷуғрофияшинос, сиёсатшинос, нависандаи машҳури англис – Генерал Сер Персӣ Молесворт Сайкс (Sir Percy Molesworth Sykes, 28.02.1867 – 11,06, 1949) дар китоби «Торихи Форс» (A History of Persia) менависад: «Ба ақидаи шахсии ман, ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар миёни олами башарият бузургтарин инсонест, ки бо як мароми олӣ тамоми ширку бутпарастиро аз андешаҳо дур сохта ва ба ҷои он афкори баланди Исломро барқарор сохт. Хидмати бузург ва намоёне ба башарият намуд, хидматест, ки онро ситоиш менамоям ва сари таъзим фуруд меоварам.»

3) Исломшиноси маъруфи англис, Ҷон Давенпорт (John Davenport,1789-1877) дар китоби «Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон» (An Apology for Mohammed and the Koran): «Нависандагоне ки кӯр-кӯрона таҳти таъсири таъассуб қарор гирифта ва гумроҳ шудаанд ва дар натиҷа, ба ҳусни шуҳрати зиндакунандаи ойини яктопарастӣ иҳонат раво доштаанд, на фақат собит кардаанд, ки рӯҳи хайрхоҳии наҷотдиҳанда (Масеҳ), ки бо он ҳама истиқомат ва қудрат дар анҷоми он пойдорӣ нишон дода, дар онҳо таъсир нанамуда аст, балки дар қазоват низ роҳи хато паймуданд, зеро бо мухтасари тааммул ва тафаккуре метавонистанд, ин нуктаро дарк кунанд ва дарёбанд, ки Пайғамбар ва таълимоти ӯро набояд, аз назари як нафар масеҳӣ, ё аз лиҳози фикри урупоӣ интиқод кунанд, балки ин баҳс бояд, аз назари шарқӣ мавриди қазоват қарор гирад. Ва ба иборати дигар, шахсияти Муҳаммадро ба унвони як муслеҳи динӣ ва қонунгузоре ки дар қарни ҳафтуми масеҳӣ дар Осиё қиём карда аст, бояд мавриди мутолиъа ва таҳқиқ қарор дод. Дар ин сурат, бидуни шак, агар ӯро яке аз наводири ҷаҳон ва муназзаҳтарин навобиғе ки гетӣ то кунун тавониста аст, парвариш диҳад, ба шумор наёварем, муртакиби ситами бузурге шудаем. Ҳамоно, бояд ӯро бузургтарин ва ягона шахсияте бидонем, ки қораи Осиё метавонад, ба вуҷуди чунин фарзанде бар худ биболад. Ҳар гоҳ вазъи арабҳоро қабл аз зуҳури Муҳаммад дар назар бигирем ва бо авзоъи баъд аз қиёми ӯ муқоиса кунем ва ҳар гоҳ андак тафаккуре дар шуълаи ишқу алоқае, ки дар қулуби пайравони ӯ барафрӯхта шуда ва то ба имрӯз ба ҳамон ҳол боқист, таваҷҷуҳ кунем, ба хубӣ эҳсос мекунем, ки агар аз тамҷиду такрими чунон марди бузургу фавқулъоддае худдорӣ кунем, беинсофист.» [3]

4) Томас Карлейл (Thomas Carlyle, тав. 4 декабри 1795 – ваф. 5 феврали 1881) мутафаккир, торихнигор, ҷусторанавис, нависандаи шотландӣ дар китоби «Қаҳрамон ва қаҳрамоният» (Hero and Heroworship) чунин изҳори назар карда аст:

«Шумо мегӯед, ӯро пайғамбар донистед?! Бале! Ӯ касест, ки бо онҳо рӯбарӯ буд, таку танҳо, рӯшану ошкор, бидуни ин ки дар либоси асрор ва румузи муқаддасе даромада бошад. Вазъи ӯ маҳсус буд ва машҳуд: либосашро худаш мешуст ва кафшҳояшро руфӯ мекард ва меҷангид, машварат мекард ва дар миёни онҳо ҳукумат мекард ва фармонравоӣ дошт. Боястӣ, ӯро дида бошанд, ки чи навъ шахсе буд. Шумо ҳар чи мехоҳед, ӯро биномед, ҳеҷ импротуре бо тоҷу зинату зевари подшоҳӣ монанди ин мард, ки шахсан ҷомаашро мешуст, мутоъ набуд. Ин марде ки муддати 23 сол бо он ҳама ранҷу машаққат зиндагӣ кард, чунон озмоишҳои амалии сахт ва душвор аз худ нишон дод, ки ман ӯро «қаҳрамон»медонам ва лозим аст, ки чунин унвон дошта бошад.»

Ҳамчунин,Томас Карлейл дар китоби дигари худ «Таҳқиқот» менависад:

«Ин фарзанди саҳро бо қалби амиқу чашмони сиёҳу нофиз ва бо рӯҳи иҷтимоъии васеъ ва пурдоманае, ҳама навъ афкореро бо худ дошт, ғайр аз ҷоҳталабӣ. Чи рӯҳи ором ва бузург! Ӯ аз касоне буд, ки ҷуз бо шӯри ишқ ва ҳарорат сару коре надоранд ва аз касоне буд, ки табиъат (табиъат не, балки Худои таъоло. – Ф.Н.) онҳоро мухлису самимӣ қарор додааст, дар ҳоле, ки дигарон дар тариқи формулҳои (шиъорҳои) гумроҳкунандаву бидъатҳо сайр мекарданд ва бо ҳамон ҳол розӣ ва хурсанд буданд. Ин мард наметавонист, худашро дар он шиъорҳо бипечад ва маҳсур кунад. Рамзи бузурги ҳастӣ бо ҳама даҳшату ҷабарут ва бо ҳама ҷалолу шукӯҳ, дар назари ӯ рӯшан ва ошкор медурахшид. Ҳеҷ гуна бидъату залолате он ҳақиқати ғайриқобиливасфро аз ӯ мактум ва мастур бидорад ва нидои ҳамон ҳақиқат буд, ки мегуфт: «Ман вуҷуд дорам». Он чи дар ин заминаи садоқату воқеият номидем, дар ҳақиқат умрест малакутӣ ва ҷанбаест илоҳӣ. Каломи чунин марде, садоест мустақим аз қалбҳои табиъат, мардум бояд ба он гӯш бидиҳанд. Ва агар ба чунон каломе гӯш надиҳанд, ба ҳеҷ садое набояд эътино кунанд, зеро ҳама чиз дар баробари онон монанди бод аст. Аз замони қадим, чи дар зимни сиёсатҳо ва чи дар зимни зиёратҳо, ҳазор фикр дар зеҳни ин мард вуҷуд дошт. Ӯ ба худ мегуфт: «Ман чи ҳастам? Ин шайъи бекарон, ки ман зиндагӣ мекунам ва мардум онро ҷаҳон меноманд, чист? Зиндагӣ чист? Ман бояд ба чӣ муътақид бошам? Ман бояд чи бикунам?» Сахраҳои муҳиби кӯҳи Ҳиро, кӯҳи Сино, регистонҳои узлат ва инзиво ҷавобе ба ӯ намедоданд. Осмони лоҷвардӣ бо ҳама азамату шукӯҳ, бо ҳама ситорагони дурахшоне, ки дар сараш ҷилвагарӣ доштанд, ҷавобе намедоданд. Аз ҳеҷ тарафе ҷавобе намерасид, фақат рӯҳи ин мард ва ончи аз илҳомоти Худо дар он ҷой гирифта буд, ба ӯ ҷавоб медоду бас!»[4]

5) Лев Николаевич Толстой (тав. 28 августи 1827 – ваф. 7 ноябри 1910) нависандаи номвари рус, ки саранҷом ба Ислом гаравид, дар радди касоне ки Паёмбари Худоро ба салтанатталабӣ ва шаҳватронӣ нисбат додаанд, чунин посух додааст:

«Ҷои ҳеҷ гуна шубҳа ва тардиде нест, ки Пайғамбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз муслеҳони бузурги дунёст, он ҳам муслеҳе, ки ба ҷомеъаи башарият хадамоти шоёне карда аст. Ва ин фахру мубоҳот барои ӯ бас аст, ки як миллати хунрезу ваҳширо аз чанголи аҳриманони одоти зишту шаниъ раҳонид ва роҳи тараққиро ба рӯи онон боз кард ва ҳол онки ҳар марди оддие наметавонад, ба чунин кори шигарфе иқлом кунад ва натиҷа бигирад. Бино бар ин, шахси Пайғамбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} сазовори ҳама гуна эҳтиром ва икром аст. Шариъати Ислом ба иллати тавофуқи он бо ақлу ҳикмат дар оянда оламгир хоҳад шуд».

6) Андешаманд, файласуф ва нависандаи фаронсавии асри рӯшангарӣ Франсуа-Мари Аруэ маъруф ба Волтер (Francois-Marie Arout Voltaire, тав. 21 ноябри 1694 — ваф. 30 маи 1778) дар китоби «Куллиёти Волтер» менависад:

«Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} бегумон марде бисёр бузург буд ва мардони бузурге низ дар домани фазлу камоли худ парвариш дод. Қонунгузоре хирадманд, ҷаҳонгушое тавоно, фармонравое додгустар ва паёмбаре парҳезгор буд ва бузургтарин инқилоби рӯи заминро падид овард.»[5]

7) Муаррихи номвар, ховаршиноси скотландӣ, мубаллиғи насроният Сэр Вилям Мюр (Sir William Muir, тав. 1819 — ваф. 1905) дар китоби «Зиндагонии Муҳаммад ва торихи Ислом» («The life of Mahomet and history of Islam») менависад:

«Дини Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} осон буд ва суханонаш возеҳ ва аъмоле, ки анҷом дода, ақлро мабҳут мекунад. Дар торихи ҷаҳон муслеҳе набуда, ки монанди Муҳаммад дар муддате кӯтоҳ дилҳоро бедор ва ахлоқи умумиро таҷдид ва таҳзиб намуда ва бинои фазилатро усутувор карда бошад».[6]

8) Нависандаи машҳури фаронсавӣ, файласуф, ҷомеъашинос, муаррих, равонпизишк доктор Густав Любон (Le Bon Gustave, тав. 7 маи 1841 — ваф. 13 декабри 1931) дар бораи шахсияти Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} чунин менависад:

«Агар бихоҳем, азамат ва аҳамияти риҷоли бузурги оламро аз рӯи осор ва корҳои онҳо бисанҷем, ҳароина, бояд гуфт, ки Пайғамбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар миёни риҷоли торих як раҷули бисёр бузурги номӣ гузашта аст. Муаррихини қадим аз рӯи таъассуби мазҳабӣ аҳамияте ба корҳои ӯ надодаанд, вале дар асри ҳозир муаррихини насоро ҳозир шудаанд, ки дар ин боб аз рӯи инсоф сухан гӯянд».[7]

Таҳияи Фирдавсии Нуралиён

More From Author

You May Also Like