Бузургтарин мард дар таърих (2)

Бузургтарин мард дар торих

Дидгоҳи соҳибназарони ғайримусулмон ва ситоишу эътирофоти андешамандони ғарбӣ аз Паёмбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам}

9) Нависандаи румониёӣ, муаллифи китоби «Зиндагии Муҳаммад» (La vie de Mahomet) Константин Виргил Георгиу(Constantin Virgil Gheorghiu, 15 сентябри 1916 – 22 июни 1992) менависад:

«Инқилобе ки Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} мехост, дар Арабистон ба вуҷуд биёварад, бо таваҷҷӯҳ ба русум ва шаъоири араб ва нуфузи фавқулъоддаи руасои қабоил ва ин ки ҳар қабилаву тоифа як воҳиди иҷтимоъии бузургро ташкил медод, аз инқилоби Фаронса бузургтар аст.»[8]

10) Нависандаи номвари англис, намоишноманавис, базлагӯй ва танзнавис, мунаққиди адабӣ Ҷорҷ Бернард Шоу (George Bernard Shaw, тав. 26 июли 1856 – ваф. 2 ноябри 1950) мегӯяд:

«Ба ақидаи ман, агар ба марде монанди Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} зимоми ихтиёри ҳукумати тамоми дунёро биспоранд, ҷаҳон ва ҷаҳониён таҳти ливои ҳукумати Ислом растагор хоҳад шуд ва мактаби Ислом дунёро ба хайру саъодат ва ҳалли мушкилоти зиндагӣ ҳидоят хоҳад кард, то бад-онҷо ки бар тамоми олам ҳумои саъодат партав хоҳад афганд».[9]

11) Диншиноси машҳур Ҷон Барнес (John Barnes) дар китобаш «Торихи умумии адён» («History Of Religion (General)») менависад:

«Дар саросари олами Ислом мардум усули асосии қавонини ахлоқии худро аз сарчашмаи Қуръон ахз мекунанд. Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} дар кирдору рафтори мутобеъини худ андешаи бисёр фармуда ва бояд гуфт, ки барои онҳо як равиши қонунӣ барқарор намуд, ки бисёр возеҳу сареҳу ба сӯи ҳадаф ва мақсуди воҳиде сайр мекунад ва он ҳамоно боло бурдани сатҳи ахлоқи онҳост, ба тавре, ки аъробро аз олами ҷидол ва шиқоқи ашоирии қадим тарфеъ дода, дар як сатҳи ухувват ва бародарии ом қарор дод. Бино бар ин, амали ҳар мусалмон аз зану мард, аз ҳангоми таваллуд то замони мавт мутаваҷҷеҳи он ҳадаф мебошад. Аҳкоме ки дар ҳурмати шаробу қимор ворид шудааст, ҳамчунин, қавоиде дар бобати равобиту муносиботи ҷинсӣ вазъ карда, дастури зиндагонии иҷтимоъии афрод аст. Ва мақоми занро ба рутбаи аъло боло мебарад ва аз ҳамон бадв ташреъи ин шореъи бузург, дар зиндагонии пайравони худ, тағйири фаровон эҷод фармуд».[10]

12)Эдвард Гиббон (англ. Edward Gibbon, тав. 27 апрели 1737 – ваф. 16 январи 1794) торихдони cоҳибноми англисӣ дар китоби «Таърихи инҳитот ва суқути Импротурии Рум» (The History of the Decline and Fall of the Roman Empire, ҷилди панҷум, саҳифаи 334, чопи Лондон), ба соли 1838-39 милодӣ, роҷеъ ба хусусиёти Паёмбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} чунин менависад:

«Шахси Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз лиҳози ҷамолу зебоии сурӣ имтиёзе дошт. Ин имтиёзотро ҷуз аз назари касоне ки фоқиди онанд, наметавон ночиз ангошт. Ӯ пеш аз он, ки шурӯъ ба нутқу суханронӣ кунад, чи шунаванда як нафар буд ва чи ҷамъе буданд, ҳама маҷзуби лутфу муҳаббати ӯ мешуданд ва таваҷҷуҳи ҳама ба тарафи ӯ ҷамъ мешуд ва сурати ороста ва симои муваққар ва бошукӯҳ, чашмони нофиз, табассуми малеҳу ҷозиб, маҳосини пурмӯ, қиёфае ки намояндаи тамоми эҳсосоти рӯҳии вай буд. Ва билохира, нукоту латоиферо ки дар муҳовара ба кор мебурд, ҳамаро водор мекард, ки дар баробари ӯ садои ҳалҳалаи такрим баланд кунанд. Дар умури иҷтимоъӣ ва корҳои марбут ба зиндагӣ, дақиқан, куллияи одоб ва русуми кишварашро риоят мекард. Тавозуъ ва эҳтироми ӯ дар баробари ағниё ва сарватмандон ва дар баробари фуқарову бенавоён, ҳама ва ҳама яксон буд. Вузӯҳу сароҳате ки дар гуфтор нишон медод, ҷои ихтифое барои мақосиди ниҳоии ӯ намегузошт. Одоби муоширатеро ки дар баробари дӯстон аз назари рафоқату собиқа нишон медод, ҳамон буд, ки ба умуми афрод аз назари башардӯстӣ риоят мекард. Ҳофизааш қавӣ ва пурдомана ва ҳушу идрокаш саҳлу иҷтимоъӣ буд. Нерӯи тасаввураш олӣ, қазоваташ сареҳу рӯшан ва сареъу қотеъ буд. Ҳам дорои қудрати фикр ва андеша буд ва ҳам дорои қудрати амалу иқдом.[11]… Агарчи нақшаи ӯ батадриҷ бо муваффақият тавсиъа пайдо мекард, бо ин ҳол, аввалин фикри рисолати илоҳии вай дорои нишони нубуғи асил ва олӣ буд».[12]

13)Ҳемилтон Гиб (Сэр Ҳамилтон Александер Роскин Гибб, англ. Sir Hamilton Alexander Rosskeen Gibb, тав. 2 январи 1895 – ваф. 22 октябри 1971) торихдони скотландӣ, шарқшинос, устоди донишгоҳи Лондону Оксфорд (Oxford) дар китоби “Ислом, баррасии торихӣ” (Islam: An Historical Survey (1980), Oxford) менависад:

«Аммо шигифтангезтар аз суръати кишваркушоиҳо, хосияту назму тартиби онҳо буд, дар тайи солҳои ҷанг мебоист, харобиҳое ба бор омада бошад, аммо бар рӯи ҳам тозиён (мусалмонон), ки осоре аз вайронии барҷое нагузошта буданд, роҳро барои якпорча шудани ақвом ва фарҳангҳо ҳамвор мекарданд. Сохт ва қонуне ки Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} барои ахлофи худ, яъне хулафо ба мерос ниҳода буд, арзиши худро дар забту назорат бар корҳои сипоҳи бадавӣ ба исбот расонида буд. Ислоҳ дар даруни дунёи мутамаддини хориҷӣ ба унвони хурофоти хоми тоифаҳои ғоратгар роҳ наёфт, балки ба унвони нерӯи ахлоқӣ муаррифӣ шуд, ки эҳтироми ҳамагонро бармеангехт ва ба манзалати оине мантиқӣ ки масеҳияти Руми шарқӣ ва дини Зартуштро дар Эрон, яъне ҳар як аз ин ду кешро дар сарзамину хостгоҳи хеш метавонист, ба мубориза биталабад».[13]

14) Профессор Вил Дюрант (Уилям Джеймс Дюрант, англ. William James Durant, тав. 5 ноябри 1885 – ваф. 7 ноябри 1981) нависанда, файласуф ва торихнигори машҳури амрикоӣ менависад:

«Агар мизони таъсири ин марди бузургро дар мардум бисанҷем, бояд бигӯем, ки ҳазрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} аз бузургтарин бузургони торихи инсонист. Вай дар садад буд, сатҳи маълумот ва ахлоқи қавмеро аз фарти гамрои ҳаво ва хушкии саҳро ба торикии таваҳҳуш уфтода буданд, авҷ диҳад. Дар ин замина тавфиқе ёфт, ки аз тавфиқоти тамоми муслеҳони ҷаҳон бештар буд. Камтар касеро ҷуз ӯ метавон ёфт, ки ҳама орзуҳои худро дар роҳи дин анҷом дода бошад, зеро ба дин эътиқод дошт. Аз қабоили бутпараст ва пароканда дар саҳро уммате воҳид ба вуҷуд овард. Бартар аз дини яҳуд ва дини Масеҳ ва дини қадими Арабистон ойине сода ва дине рӯшан ва нерӯманд бо маънавиёте, ки асоси он шуҷоъат ва маноъати қавме буд, падид овард, ки дар таи як насл дар яксад маъракаи низомӣ пирӯз шуд ва дар муддати як қарн импротуре азим ва паҳноваре ба вуҷуд овард ва дар рӯзгори мо нерӯи муҳиммест, ки бар як нимаи ҷаҳон нуфуз дорад»[14].

15) Донишманди франсӣ, коршиноси улуми сиёсӣ, мутахассиси Ислом ва ҷаҳони Араб Жил Кепел (фр. Gilles Kepel, тав. 30 июни 1955) дар китоби «Паёмбар ва Фиръавн» (Le Prophète et le Pharaon) менависад:

«Таърих, суннату шаръи исломӣ аз ҳамон оғоз, ду асли мушаххас ва дар воқеъ мутанофиз, яъне тамоюл ба талош ва сукутро дар худ пазиро шуданд. Дар зиндагонии МуҳаммадПаёмбари Ислом {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ду марҳида вуҷуд дорад. Дар марҳилае ки маъруфтар аст ва бештар аз он ёд шудааст, Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба унвони ҳокими Мадина, қозӣ, фармондеҳи низомиву сиёсатмадор зоҳир мешавад. Аммо марҳилаи аввалияе низ, пеш аз ҳиҷрати Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} азМакка ба Мадина вуҷуд дошт, Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} қабл аз ҳоким шудан, раҳбарии ҷунбиш дар Маккаро ӯҳдадор буд. Аз он ҷо, ки ин мухолифат дар вуҳулияти аввал, зотан ҷанбаи мазҳабӣ ва ахлоқӣ дошт, хоҳ нохоҳ як иқдоми сиёсиро ба худ гирифт. Дар ин марҳила, Паёмбар {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} ба унвони мунтақид ва мухолифи режими Макка оғоз ба кор кард ва мавтини худро ба қасди Мадина тарк кард ва дар он ҷо бо ташкили як давлат дар табъид, ба мафҳуми имрӯзӣ, ҷанг алайҳи (бутпарастони) Маккаро то пирӯзӣ ва фатҳи ниҳоӣ ба роҳ андохт. Зуҳури ойини ҷадид худ навъе пайкорҷӯии инқилобӣ бо раҳбариву низоми куҳан ба шумор мерафт ва ҳар дуи инҳо, яке тавассути Паёмбар ва саҳоба ва дигаре тавассути Ислом сарнагун ва решакан шуд. Дар ин давра (қабл аз ҳиҷрат) низ монанди давраи баъд, Паёмбар ва зиндагиаш намуна ва сармашқ буд.»[15]

16) Ховаршинос, мавлавишинос, эроншинос, арабшинос, мутарҷими ашъори ховарзамин ва исломпажӯҳи машҳури олмонӣАннемари Шиммел (нем. Annemarie Schimmel, тав. 7 апрели 1922 — 26 январи 2003) дар китоби «Ва Муҳаммад Расули Худост: Ситоиши Паёмбар дар зуҳди исломӣ» (And Muhammad Is His Messenger: The Veneration of the Prophet in Islamic Piety) менависад:

«Ҳамин ормони тақлид аз Муҳаммад аст, ки мусалмононро аз Марокаш то Индонезия, ба ин андоза яксонии кирдор бахшидааст; ҳар кас ба ҳар ҷое ки бошад, медонад, ки ҳангоми даромадан ба манзиле чи гуна рафтор кунад, кадом иборати таъоруфомезро кор барад, дар ҳамнишастӣ аз чи бипарҳезад, чи гуна ғизо бихурад, чи гуна сафар кунад? Кӯдакони мусалмон қарнҳост, ки ба ин шеваҳо парвариш ёфтаанд ва танҳо дар ин авохир буд, ки ин дунёи суннатӣ бар асари ҳуҷуми фарҳанги текнуложикии имрӯз аз ҳам фурӯ пошид».[16]

17) Ховаршиноси амрикоӣ Данкан Блек Макдоналд (англ. Duncan Black MacDonald, тав. 1863 — ваф. 1943) мегӯяд: «Муҳаммад {саллаллоҳу алайҳи ва саллам} пас аз гузашти чаҳордаҳ қарн, ҳанӯз, манбаъи саршоре барои тақвияти мусалмонон ба шумор меравад».[17]

Таҳияи Фирдавсии Нуралиён

More From Author

You May Also Like