Categories Ахбори рӯз

Бузургтарин масҷиди Берлин мавриди ҳамла қарор гирифт

Бузургтарин масҷиди Берлин ҳадафи ҳамлаи афроди ношинос, ки мансуб ба гурӯҳҳои исломситез мебошанд, қарор гирифт.

Ба гузориши як шабакаи хабаргузории интернетӣ, ба нақл аз расонаҳои хабарии Берлин, масҷиди Суҳетлик шанбеи гузашта аз тарафи ашхоси номаълум мавриди ҳамла қарор гирифт. Ин гурӯҳи ношинос тавассути бамбпартоӣ ба ин масҷид ҳамла кардаанд. Онҳо пас аз ҳамла кардан, тасвирҳои зиддиисломиро дар маҳалли дохилшавӣ ба масҷид овехта, душмании худро нисбати дини Ислом эълом кардаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, полиси Берлин эълом кард, ки пеш аз ин ҳодиса номаи таҳдидомезе барои ин масҷид фиристода шуда буд. Масҷидҳои Берлин дастикам аз соли 2010 то кунун 7 бор мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд, ки ҳамаи ин ҳамлаҳо тавассути бамбпартоӣ сурат гирифтааст. Ҳамзамон дар ин муддат, ё аниқтараш тайи 3 соли ахир масҷиди Суҳетлик ба танҳои 4 бор мавриди ҳамлаи ин гурӯҳи одамон қарор гирифтааст.

More From Author

You May Also Like