Categories ТАҲЛИЛ

Агар инқадар корхона кушодаем чаро воридотамон боз ҳам афзудааст?

Агар инқадар корхона кушодаем чаро воридотамон боз ҳам афзудааст?

Парлумони кишвар имрӯз иҷроиши нуҳмоҳаи будҷаи кишварро баррасӣ хоҳад кард. Ин дар ҳоле мебошад, ки дар гузоришҳо омадааст, ки имсол аз ҳудуди 4 миллиард долларе, ки дар гардиш будааст, 3 миллиарду 500 миллиони он ба воридот рост меояд. Ва танҳо камтар аз ним миллиарди он ба содирот ихтисос дорад. Яъне дар 9 моҳи имсол нисбат ба соли гузашта воридот ба дохили кишвар 20% афзоиш ёфтааст, вале содирот аз кишвар ҳудуди 12% коҳиш ёфтааст.

Ҳоло саволи матраҳ ин аст, ки мо ҳамеша дар телевизионҳо шоҳиди кушодашавии ин ё он корхонаву иншоот ҳастем, вале чаро содиротамон бештар нашудааст ва ё ҳадди ақал воридотамон коҳиш наёфтааст? Агар бигуем ин истеҳсолоти ин корхонаҳо барои масрафи дохилӣ будааст, ҳадди ақал бояд воридотамон нисбат ба соли гузашта агар коҳиш ҳам намеёфт ҳадди ақал дар ҳамон сатҳ боқӣ мемонд. Вале чаро чунин нашуд? Куҷост истеҳсолоти корхонаҳое, ки мо ҳар рӯз аз талелвизион шоҳидашон ҳастем? Ё инки ин ҳама ахбори дурӯғ барои гузориш ба боло асту барои ором кардани мардум ва бахше аз таблиғоти сиёсии масъулон?

Шояд масъулони марбут битавонанд дар ин замина ҳадди ақал дар парлумони кишвар тавзеҳ бидиҳанд ва воқеияти корҳо барои ҳамагон ошкор гардад.

More From Author

You May Also Like