Categories Ахбори рӯз

Буши саввум омодагӣ ба номзадиро дар интихоботи 2016 эълом кард

Бародари хурдии Ҷорҷ Буш ва фарзанди Ҷорҷ Ҳерберт Вокер Буш, Ҷеб Буш барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 –ро эълом кард.

Тибқи хабаргузориҳо, Ҷеб Буш, ки 61 сол дорад, яке аз шахсиятҳои маъруф миёни ҳизби ҷумҳурихоҳи Амрикост. Ҳамзамон ӯ барои ширкат дар рақобатҳои ин ҳизб барои интихоби раёсати ҷумҳурии соли 2016 омодагӣ мебинад.

Дар баробари ин, Ҳиларӣ Клинтон, собиқ вазири хориҷаи ин кишвар ва ҳамсари Бил Клинтон, раисҷумҳури собиқ, ки аз сиёсатмадорони шаҳир ба шумор меравад, эҳтимол аст, ки дар рақобатҳои интихоботӣ ширкат кунад.

Тибқ навиштаи “ВВС”, дар тамоми назарсанҷиҳои муътабаре, ки то имрӯз хулосабарорӣ шуда, Ҳиларӣ Клинтон нисбат ба Ҷеб Буш дар интихоботи оянда метавонад бештар тарафдоронашро пайдо кунад.

More From Author

You May Also Like