Categories Uncategorized

Восеъ: Дасисаи навбатӣ алайҳи ҲНИТ

Шабаҳи “Протокол 32-20”

“Дирӯз дар ноҳияи Восеъ бо иштироки хатибу муллоҳои ноҳия ҷаласа баргузор гардид. Дар ин ҷаласа гуфтаанд, ки Ҳаё Зиёев, собиқ корманди Шӯъбаи корҳои дохилӣ, ки айни ҳол нафақахӯр мебошад, аз тариқи телевизион гуфтааст, ки гӯё мо ӯро узви Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кардаем, дар ҳоле ки худаш хабар надоштааст.” – гуфт Абдуфаттоҳ Абдухолиқ, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ.

Ӯ афзуд: “Вале бояд бигӯям, ки Ҳаё Зиёев соли 2010 бо ариза ва хоҳиши худ омада дар бахши ноҳиявии ҲНИТ дар ноҳияи Восеъ узвияти ҳизбро қабул кард ва мо дар даст ҳуҷҷатҳои лозимие, ки розигии ӯро тасдиқ мекунад, дар даст дорем. Ин шикоятҳо тариқи телевизион дар ҳолест, ки Зиёев худ корманди Шӯъбаи корҳои дохилии кишвар буд ва ӯ тамоми қонунҳоро медонист, аз ин рӯ касе наметавонист ӯро маҷбур барои коре кунад.”

Дар ҳамин ҳол Муҳаммадшарифи Набӣ, раиси шӯъбаи ҲНИТ дар минтақаи Кулоб ин ҳодисаро чунин шарҳ медиҳад:

“Ҳар он чизе ки аз тариқи телевизион бар зидди ҲНИТ ҳарф мезананд, ғайриқонунӣ мебошад. Бо ин амалашон мехоҳанд Наҳзатро сиёҳ карда, талаботи “Протоколи 32-20”- ро дар ҳукумати ноҳияи Восеъ дар амал ҷорӣ кунанд. Ҳатто чанд нафари дигарро, ки шахсони ғайриҳизбӣ ҳастанду мо ба онҳо эътимод дорем, раисони маҳаллаҳову ҷамоатҳо даъват карда гуфтанд, ки гӯё онҳо аъзои ҲНИТ ҳастанду мехоҳанд аз ин ҳизб бароянд. Дар ҳоле ки шахсони ғайриҳизбии зиёд дар ноҳия вуҷуд доранд, ки мо бо онҳо равобити хуб дорем.

Ҳатто Зиёев аз мо хоҳиш карда буд, ки барои депутати маҳаллӣ шудан номзадиашро гузорад ва мо ӯро пешниҳод кардем, аммо номзадии ӯ нагузашт. Аз сабабе ки номзадиаш нагузашт, имрӯз чунин суханҳоро бар зидди Наҳзат гуфтааст.

Як нафари ғайриҳизбии дигар Абдурасул Эгамов, ки шахси боэътимод аст, ӯро низ маҷбур сохтаанд, ки ариза нависта аз ҳизб барояд, дар ҳоле, ки ӯ узви ҳизби мо нест. Баъд аз ин, Эгамов ба назди мо омад, вале мо гуфтем, ки Шумо аъзои ҳизби мо нестед, чигуна мо Шуморо аз узвияти ҳизб мебарорем?

Кормандони ҷамъомаду раисони маҳаллаҳо худашон ба мо гуфтанд, бояд аъзоёни ҲНИТ аз ин ҳизб бароянд, зеро мо аз боло фармон ва барнома дорем, ки бояд чанд нафарро дар манотиқ аз узвияти ҲНИТ барорему баъдан ба онҳо гузориш медиҳем.

Бояд гуфт, ки дар кадом ташкилоте, ки вориду хориҷ мешавед, бояд ариза навишта, розигии худро барои ин тасмим диҳед.

Он чизе ки дар телевизионҳои мо намоиш медиҳанд, ғайриқонунӣ аст ва мо инро маҳкум мекунем. Ин як тафриқа андохтан ва аз тариқи муқобил гузоштани як гурӯҳ дар муқобили мардум ноором кардани кишвар аст, ки ин хеле хатарнок аст.

Ҳар қазияе, ки бар зидди ҲНИТ мешавад, фикр мекунам, ки давоми иҷрои талаботи “Протоколи 32-20” аст, ки ин барои оромии кишвар халали ҷиддӣ ворид мекунад.

Боз ҳам мегӯям, ки гуфтаҳои Ҳаё Зиёевро мо маҳкум мекунем.

Дар баробари ду нафар аз бахши ноҳиявии мо, ки аз ҳизб хориҷ шуданд, 15 нафар дигар аъзои ҳизб гашт.

Ба назари ман, ин ҳодисаҳо аз он вохӯрие, ки президент бо аҳли ҷомеаи кишвар карда буд, сарчашма мегирад.

Бубинед, худи раисони ҷамоатҳо мегӯянд, ки мо барнома дорем, ки бояд аз ҲНИТ чанд нафарро барорем ва ҳамчунин ин “хуруҷи ихтиёрӣ” аз тариқи телевизионҳо бояд пахш шаванд.”

Манбаъ: сомонаи Наҳзат

More From Author

You May Also Like