Categories Uncategorized

Вохурии роҳбари ҲНИТ бо сафирони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо

nahzat.tj


Охири ҳафтаи гузашта бо ташаббуси намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон вохурии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои Аврупо дар кишварамон баргузор гашт.

Сафирони аврупоӣ ҳадаф аз ин вохуриро шиносоии бештар ба вазъи минтақа ва кишвар, бахусус, дар пасманзари ҳодисаҳои Бадахшон унвон карданд. Инчунин, огоҳӣ аз мавқеъи ҲНИТ ва ба роҳбарияти он расонидани мавқеъи кишварҳои аврупоӣ аз ҳадафҳои аслии ин дидор гуфта шуд.

Роҳбари ҲНИТ вазъи кишвар, ба хусус, Бадахшонро душвор, вале рӯ ба эътидол номид.

Ворид намудани нирӯи зиёд ва он ҳам артиш, печидагиҳои сиёсӣ ва ҳуқуқиро ба миён овард ва боиси ташаннуҷи бештари вазъ гашт. ҲНИТ ҷонибдори волоияти қонун дар саросари кишвар мебошад. Тамоми шаҳрвандони кишвар дар ҳар нуктаи он бояд таъсири қонун ва ҳокимиятро ҳис намоянд ва ин барои расидан ба як кишвари ҳуқуқбунёд ва босубот хеле муҳим мебошад. Вале, волоияти қонунро бояд танҳо бо василаҳои қонунӣ ва мантиқӣ таъмин кард, амалҳои берун аз чорчуби қонун натиҷаҳои баръакс хоҳад дод.”– гуфт М. Кабирӣ зимни сӯҳбат.

Инчунин ӯ баён дошт: “Нерӯ танҳо он вақт бояд истифода шавад, ки василаҳои дигар, мисли муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ натиҷа надода бошанд. Дар он сурат ҳам, истифодаи нерӯ бояд мутавозин бо қазия бошад, на бештар аз он. Суол инҷост, ки магар василаҳои сулҳомез то охир истифода шуданд ва онҳо бенатиҷа буданд, ки аз нерӯи низомӣ истифода шуд? Камбуди шафофият дар тасмимҳо ва раванди ҳодисаҳо боиси зери суол рафтани дурустии амалҳо гаштааст.”

Ба таври ваҳшиёна куштани раиси шӯъбаи вилоятии ҲНИТ дар Бадахшон, Сабзалӣ Мамадризоев моро хеле нигарон кардааст. Сухан танҳо сари куштори як масъули сиесӣ намеравад. Чунин амали гайрибашарӣ нисбати инсон, ҳатто баъд аз марг ҳам набояд дар кишвари мо ҷо дошта бошад. Ва он ҳам дар рафтори масъулини мақомот. Беҷазо мондани ҷинояткорон, чи дар мақомот бошанд ва чи дар ҷомеъа, боиси ташвиқи чунин амалҳо мегардад ва мо интизори натиҷаҳои тафтишот дар қазияи куштори Мамадризоев хоҳем монд.“- афзуд М. Кабирӣ.

Дипллматҳои аврупоӣ аз вазъи Бадахшон ба хусус, масоили марбут ба риояи қонун ва ҳуқуқи инсон дар рафти ҳодисаҳо изҳори нигаронӣ намуда, камбуди маълумоти саҳеҳро аз мушкилиҳои аслии раванд донистанд.

Рафтори ҳукумат дар ҳама ҳолат бояд шаффоф ва мутавозин бошад ва дар истифодаи нерӯи низомӣ, ҳамчун василаи истисноӣ ва он ҳам дар чорчуби қонун, набояд шитоб кард.”- изҳор дошт намояндаи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Эдуард Ауер.

“Куштори намояндаи ҲНИТ боиси нигаронист ва пайгирии ин қазия барои мо хеле муҳим мебошад.”- гуфт дипломати аврупоӣ.

Инчунин тарафҳо дурнамои вазъи кишвару минтақаро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

“Осиёи Марказӣ наметавонад тулонӣ ягона минтақаи сарбаста ва дорои низомҳои худкома дар ҷаҳон боқӣ бимонад ва ҳатман тағйиротҳое сурат мегиранд. Вале, ин тағйиротҳо бояд дар чорчуби қонун ва бидуни низоъ анҷом шаванд. ҲНИТ ҷонибдори ислоҳоти васеъ ва решаӣ бо ширкат ва бо роҳбарии худи ҳукуматҳои минтақа мебошад. Ба дарозо кашидани шурӯъи ислоҳот боиси ноумедии мардум ва дилсардии онҳо мегардад ва нишон медиҳад, ки ҳукуматҳои минтақа аз лиҳози равонӣ омодаи ҳеч гуна ислоҳот ва тағйирот нестанд. Ҳамагуна бесуботӣ дар кишварҳои ОМ бар зарари нерӯҳои солим ва ба нафъи қувваҳои фурсатталабу ифротигарои сиёсӣ мебошанд. Инро бояд ҳукуматҳои минтақа алакай дарк карда бошанд ва набояд дар чеҳраи ҳар ҳизб ё шахсияти опозитсионӣ ва мустақил душманро бубинанд. Ҳамдигарфаҳмӣ ва муколама барои пешгирӣ аз ҳамагуна ҳодисаҳои нохуш байни ҳукумат ва оппозитсияи сиёсӣ дар чунин ҳолатҳо метавонад корсоз бошад.”- гуфт дар ин мавзӯъ раиси Ҳизби наҳзати исломӣ.

Дипломатҳои аврупоӣ мавқеъгириҳои созандаи ҲНИТ- ро қайд намуда, талошҳои пайвастаи онро барои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ нишонаи пойбанд будани ҳизб ба қонунгузории кишвар ва фарҳанги муосири сиёсӣ номиданд.

Дар охир, дипломатҳои аврупоӣ ин дидорро барояшон муҳим номида, хоҳиш карданд, ки чунин мулоқотҳо ва табодули афкор пайваста анҷом шаванд.

More From Author

You May Also Like