Categories Ахбори рӯз

Интернет-провайдерҳои Тоҷикистон ба додгоҳ мераванд?

Интернет-провайдерҳои Тоҷикистон ба додгоҳ мераванд?Чанд рӯз
аст, ки дар сар то сари Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаҳои озодгуфтору озодандеш
мушкилии рақами як гаштааст. Сомонаҳои интернетӣ, бахусус “Фейсбук”, “Озодӣ”, “Азия-плюс”,
“Одноклассники”, “ВКонтакте” ва дигар расонаҳоро муштариён имкон надоранд, ки
озодона мавриди истифода қарор диҳанд. Аммо ҳар кӣ аз барномаҳои махсуси филтршикан
бархурдоранд, озодона вориди сомонаҳои хостаашон мешаванд. Аксари муштариён, ки
чунин имконоти техникии ворид шудан ба ин сомонаҳоро надоранд, бо мушкилоти
хабарӣ мувоҷеҳанд ва ба гуфтае дар вакууми иттилоотӣ қарор доранд.

Аз масдуднамоии интернет дар
Тоҷикистон кӣ манфиат мебинад? Посухи ин суол ба дунбол дар зеҳну афкор тахмину
фарзияҳои зиёдеро ба бор меорад. Аммо чизи муҳим он аст, ки чунин амалкард ҳеҷ
манфиате надорад, баръакс Тоҷикистонро дар феҳрасти кишварҳое ворид мекунад, ки
зидди озодии сухану матбуотанд.

Ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет,
бахусус Мегафон ва Тсел бештар ҳуқуқи даҳҳо расонаҳои хабаррасониву муштариёнро
поймол кардаанд. Аммо то ба ҳол ҳеҷ яке аз расонаҳои ватанӣ ва ё хориҷиву
шахсони алоҳида аз чунин қонуншиканиҳо даъвое ба додгоҳ набурдаанд ва бовар
дорам, ки нахоҳанд ҳам бурд. Зеро мардум хуб медонанд, ки чунин корҳо дар
Тоҷикистон бефоида аст ва оқибати кор бар зарари ҷониби даъвогар тамом мешавад.

Ҳаргоҳ, ки дар Тоҷикистон ҳаводисе
рух медиҳад ва он тавассути интернет расонаӣ мешавад, худи ҳамон рӯз сомонаҳо
баста мешаванд ва масъулини Хадамоти алоқа низ айбу гунаҳро ба ҳеҷ ваҷҳ ба дӯш
намегиранд ва иттило медиҳанд, ки ин ҳамаро омил айбу нуқси техникист.

Магар метавон бо масдуд сохтани сомонаҳои
интернетӣ мардумро аз дастрасӣ ба иттилоот маҳрум кард? Фикр мекунам, не, зеро
чунин иқдоме, ки масъулин пеш гирифтаанд ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ҳалли мушкилот
гардад.

Баръакс, овозаҳои мухталиф дар зеҳну
афкори мардум як тазоде эҷод хоҳад кард. Бинед, агар муроҷиати сарҳанги дар
Сурия қарордоштаи тоҷик тариқи интернет пахш намегашт, он гоҳ аксар бар ин
бовар буданд, ки ӯро дар Ватан худи масъулини кишвар барои иҷро накардани амри
махсусе аз байн бурдаанд. Тавре хонандагон ёд доранд, дар рӯзи нопадидшавии
сарҳанг Ҳалимов гурӯҳе аз таҳлилгар аз хориҷи кишвар изҳор доштанд, ки гӯё
мақомоти амниятии Тоҷикистон Ҳалимовро вазифадор кардаанд, то чанде аз
намояндаҳои мухолифини кишварро нобуд созад ва чун ин амрро Ҳалимов ба ҷо наовардааст,
худи ӯро нобуд кардаанд. Танҳо баъд аз он, ки навори Ҳалимов тариқи интернет
пахш гашт, чунин тахмину ҳангомаю овозаҳо ин гуфтаҳои беасосро ботил баровард.

Мардумро дар холигоҳи иттилоотӣ
қарор додан, як ҷузъи нақзи ҳуқуқи
мардум маҳсуб мегардад. Бо чунин шеваи кор наметавон мардумро дар холигоҳи
иттилоотӣ қарор дод. Магар метавон офтобро бо доман пӯшонд?

Ростӣ, ки аз пахшу иттилои ҳар гуна
хабару гуфтугузори интернетӣ, ки баъзан аз ҳар гуна чаҳорчӯбаи ахлоқу одоби
инсонӣ берунанд, ҷонибдорӣ намекунам. Ман зидди пахши ҳар гуна хабарҳои олуда
бо дасисаву иғвоам, аммо масдуднамоии сомонаҳои интернетие, ки сарчашмаи
хабарианд, баръакс ҳар гуна ноҷурӣ ба бор меорад.

Самандари КАРИМ,

корбари “Фейсбук”

More From Author

You May Also Like