Рӯзи якшанбе, аввали июн Ҷак Ҳейгел, сарвари Пентагон, бидуни эълон аз сафараш ба пойгоҳи низомии ИМА дар Багроми Афғонистон ҳозир шудааст.
Қасди мақоми олии низомии Амрико аз сафар музокироти ниҳоӣ ҷиҳати супоридани масъулияти амниятӣ ба қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин ишора аз он мешавад, ки ташрифи генерал Ҳейгел баъд аз як шабонарӯзи табодули асирони амрикоӣ бо намояндагони баландмақоми «Толибон», ки дар Гуантанамо буданд, сурат мегирад.
Эҳтимол меравад, эълон надоштани ташрифи мақоми амрикоӣ ба хотири амният бошад, навиштааст хабаргузории «Взгляд».
Ҷои ёдоварист, ки авохири соли 2014 рисолати НАТО дар Афғонистон ба охир мересад, аммо масъалаи шумораи низомиёни амрикоие, ки ба хотири омӯзиш дар Афғонистон боқӣ мемонанд, то ба имрӯз расман эълон нашудааст, агарчи зимни ташрифи ахири Барак Обама ба ҳамин пойгоҳи низомии Багром шумораи онҳо наздик ба 10 ҳазор гуфта шудааст.
Categories
Ахбори рӯз