Як генерали тоҷик аз мардуми Тоҷикистон хоҳиш намудааст, ки ба хотири ёдбуди шаҳидони солҳои 1992-2013 ҳамасола 24-уми июлро ҳамчун рӯзи “Сешанбеи сиёҳ” қайд бикунанд.
Бино ба иттилои “Озодагон” генерал Озаршоҳ Пояндашоев, собиқ муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар як муроҷиатномаи худ хоҳиш кардааст, ки дар рӯзи 24-уми июл мардуми тоҷик ба хотири қурбониёни солҳои 1992-2013 дар сари синаи чапи худ лентаи сиёҳ баста, дар тамоми ҷумҳурӣ дақиқаи сукут низ эълон намоянд.
Ба навиштаи Оразшоҳ Пояндашоев, ҳукумати Тоҷикистон нақшаи баргузор кардани чунин як амалиётро дар вилояти Бадахшон 3 моҳ қабл то замони қатли генерал Назаров тарҳрезӣ карда буданд.
Ӯ гуфтааст, ки амалиёти Хоруғ дар вилояти Бадахшон аз ҷониби ҳукумати кишвар қасдан роҳандозӣ шудааст. “Дар сурати дигар мо мебинем, ки то имрӯз даҳҳо генерали дигар кушта шуданд. Аммо чаро ҳукумати Тоҷикистон танҳо барои пайдо кардани қотилони Абдулло Назаров амалиёти низомӣ баргузор кард?”,-пурсидааст ҷаноби Пояндашоев.
Амалиёти низомӣ дар Хоруғ, ки 24 – июли соли гузашта, дар пайи қатли генерали амният Абдулло Назаров баргузор гардида буд, даҳҳо қурбони он гардида буданд.