Боз чаҳор сар аз говҳои Идибой Назаровро дуздиданд.
Илҳом Беков, раиси бахши ҲНИТ дар ноҳияи Мастчоҳ гуфт, шаби 25 ба 26-уми апрел боз чаҳор сар гови Идибой Назаров, сокини деҳаи Деҳманораи ноҳияи Мастчоҳро дуздидаанд, ки ҳар яке на камтар аз 8 000 сомонӣ арзиш дошта.
Ба гуфтаи манбаъ, говҳоеро низ, ки ахиран, дуздида шудаанд, ба он тарафи марз бурдаанд.
Бояд гуфт, Идибой Назаров сокини деҳаи Деҳманораи Мастчоҳ аст, ки тайи як дидор бо мо гуфта буд, дар ибтидои моҳи январи соли равон ду сар говашро рабудаанд.
Сирқати говҳо дар ноҳияи Мастчоҳ, ноҳияи ҳаммарз бо Ӯзбакистон дар ҳоле сурат мегирад, ки сокинон мегӯянд, баъди сирқат шудани говҳояшон изи онҳоро дар марз пайдо мекунанд ва ба ин бовар ҳастанд, ки говҳои онҳоро дуздида ба Ӯзбакистон мебаранд. Ба гуфтаи онҳо, тайи се соли ахир 900 сар гови сокинони ноҳия аз тариқи дуздӣ ба Ӯзбакистон бурда шудааст.
Categories
Ахбори рӯз