ки ахиран дар бораи полковники милиса ва сардори ОМОН-и ВКД ҶТ Г. Ҳалимов миёни мардум ва расонаҳо радду
бадал мешуд, ахиран мавсуф аз худ дарак додааст. Дар як навори интернетӣ
Ҳалимов силоҳи нишонзанӣ дар даст изҳор медорад, ки ӯро амалкарди роҳбарияти
ВКД водор кардааст, то ба нишонии эътироз ба Сурия ояд.
Ҳамчунин дар хабарҳо
гуфта мешавад, ки Ҳалимов қаблан дар ИМА ва Русия машқу тамрини махсус гирифта
баъдан ба Сурия рафтааст. Бовар кунед, ин қазия хеле шигифтангез аст ва ба
дунбол суолҳои зиёдеро матраҳ месозад. Аввал мегуфтанд, ки ӯро хадамоти махсуси
Тоҷикистон чун агенти махсуси худ ба Туркияву Сурия фиристодаанд, то дар нобудсозӣӣ
мухолифони давлат ва маълумот дар бораи ҷангиёни тоҷик саҳм гузорад. Баъдан
дигар хабар расид, ки ӯро ҳангоми ворид ба Сурия дар сарҳади Туркия боздошт
карда ба Тоҷикистон истирдод кардаанд. Аммо имрӯз худи Ҳалимов тариқи видео
баромад карда аз худ дарак медиҳад, ки дар ҷанг дар Сурия қарор дорад. Дар ин
навор Ҳалимов аз тариқи видео эълом кард, ки ба “Давлати исломӣ” пайвастааст.
Дар ин навор, полковник
Ҳалимов дар суханронияш таъкид мекунад, ки се бор барои омӯзиши низомӣ ба
Амрико сафар намуда, дар Академияи ВКХ Русия ва Тоҷикистон низ таҳсил
намудааст. Ҳалимов, дар ҳоле ки як силоҳи тактирандоз дар даст дошт ва сарбанди
сиёҳ дар сар печонда буд, як идда мӯҳтавиёти ҷаласаҳои вазоратҳои қудратӣ барои
мубориза бар зидди ҳиҷобро фош кард ва махсусан таъкид намуд, ки вазири корҳои
дохилӣ ва сардорони яке аз шуъбаҳои вазорат супориш гирифтанд, то занҳои фоҳишаро
ҳиҷоб пӯшонда дар базмҳои рақсу суруд ва шаробхорӣ ва ҳангоми ҳамхоба шудан бо
мардҳо ба навор гирифта дар шабакаҳои телевизионӣ пахш шавад. Ӯ Амрикоро низ
зери тозиёнаи танқид ва таҳдид қарор медиҳад ва илова мекунад, ки ҳангоми
таҳсил дар пойгоҳҳои низомӣ шеваи мусалмонкуширо ба онҳо ёд медоданд.
Гулмурод Ҳалимов соли 1975 дар деҳаи Дарафонии ноҳияи Варзоб ба дунё омада, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба Горди президентӣ пайваста, пас аз таҳсилу давраҳои омӯзишӣ аз сержанти хурд то полковник ва фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси назди Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расидааст. Вайдар амалиёти ҳарбиизидди гурӯҳҳоимусаллаҳ дар Раштва Хоруғ ширкаткарда, соҳиби чандинҷоизаи давлатӣ гаштааст.
Ҳамсар ва 8 фарзанддорад.
Албатта, қазияро ВКД
мавриди таҳқиқ қарор дода, аз хулосаи худ шояд маълумот диҳад, ки чӣ гуна
полковники милиса ба ҷангиён пайваст? Агар воқеан ҳам ин амалкард эътирози як
полковники баландпоя аст, ки замоне ифтихори ВКД буд, пас метавон хулоса кард,
ки аксари афсарони ин ниҳод аз шеваи корбурди роҳбарияти ВКД норозианд? Пас, чӣ
гуна мардум эътиқод кунанд, ки милисаи ман воқеан ҳам ҳимоятгари ман аст? Оё
метавонад амалкарди Ҳалимов дигар тобеъонашро ҳам ба ин роҳ барад? Агар воқеан
ҳам чунин аст, ин кор барои миллату кишвар хеле хатарнок аст ва гувоҳӣ аз он
медиҳад, ки хадамоти махсуси кишварҳои бегона дар Тоҷикистон паи ба доми худ
кашидани афсарони баландихтисоси ҷангӣ кор мебаранд?