Давлати Мянма дар тозатарин хушунатҳои худ алайҳи мусалмонон, ҳофизи Қуръон ва яке аз донишмандони мусалмонони ин кишварро дастгир кардааст.
Ба гузориши як пойгоҳи хабарии арабӣ, хушунатҳои нав алайҳи мусалмонон дар Мянма оғоз шудааст ва давлати Мянма ба тозагӣ 12 нафар аз уламои мусалмон ва аз ҷумла яке аз ҳофизон ҳофизони Қуръони каримро боздошт кард.
Ин андешаманди исломӣ дар яке аз манозили шаҳраки Мингонду дар ҳоли тиловати Қуръон буд, ки тавассути неруҳои полис дастгир шуд.
Давлати Мянма ва будоиҳои ин кишвар, ки дар ҳоли душманӣ ба мусалмонон ҳастанд, ҳар рӯз сахтгирҳои бештареро алайҳи мусалмонон ба роҳ мемонанд ва амҳин амр боиси паноҳандагии мусалмонон шуда ва онҳо низ дар паноҳандагӣ ба мушкилои фаровоне мувоҷҷеҳ ҳастанд.