Categories Ахбори рӯз

Дунё ду рӯз аст, мағрур машав …

Ду чизро ҳамеша фаромӯш кун, хубие, ки ба касе мекунӣ ва бадие, ки касе ба ту мекунад. Ҳамеша ба ёд дошта бош, дар маҷлисе ворид шудӣ забонатро нигоҳ дор, дар суфрае нишастӣ шикаматро нигоҳ дор, дар хонае ворид шудӣ чашмонатро нигоҳ дор, дар намоз истодӣ дилатро нигоҳ дор. 

Дунё ду рӯз аст, як рӯз бо ту ва як рӯз алайҳи ту. Рӯзе, ки бо туст мағрур машав ва рӯзе, ки алайҳи туст маъюс нашав, зеро ҳар ду поёнпазиранд. Бо чашмонат биёмӯз, ки на ҳар шахс арзиши нигоҳ кардан дорад. Бо дастонат биёмӯз, ки ҳар гуле арзиши чидан надорад. Ду чизро аз ҳам ҷудо кун, ишқу ҳавас. Зеро аввалӣ муқаддас аст ва дуввумӣ шайтонӣ. Аввалӣ туро ба покӣ мебарад ва дуввумӣ ба палидӣ.

Чашму забон ду силоҳи бузург дар назди туанд, чигуна аз онҳо истифода мекунӣ? Монанди тире заҳролуд ё офтобе ҷаҳонтоб? Зиндагӣ гир ё зиндагӣ бахш? Бидон, ки қалбат кӯчак аст, пас наметавонӣ тақсимаш кунӣ. Ҳар гоҳ хостӣ онро бибахшӣ бо тамоми вуҷудат бибахш, ки кӯчакиш ҷуброн шавад. Ҳеҷ гоҳ ишқро бо муҳаббат, дилсӯзӣ, тараҳҳум ва дӯст доштан яке надон, ҳамаи инҳо аҷзои кӯчактари ишқанд на худи ишқ.

Ҳамеша бо Худо дарди дил кун, на бо халқи Худо ва фақат ба ягонаи олам таваккал кун, он гоҳ мебинӣ, ки чигуна қабл аз ин ки худат даст ба кор шавӣ, корҳо ба хубӣ пеш мераванд. Медонӣ, ки аз Худо хостан иззат аст, агар бароварда шавад раҳмат аст ва агар нашавад ҳикмат аст. Аз халқи Худо хостан хифат аст, агар бароварда шавад миннат аст, агар нашавад зиллат аст. Пас ҳар чи мехоҳӣ аз Худо бихоҳ ва дар назар дошта бош, ки барои Ӯ ғайри мумкин вуҷуд надорад ва тамоми ғайри мумкинҳо фақат барои туст.

More From Author

You May Also Like