Categories Ахбори рӯз

Данғара: Ҷаннатуллоҳи Комил, ҷавонтарин номзади ҲНИТ ба вакили МН аз соати 14: 00 то кунун дар прокуратураи Данғара мавриди пурсуҷӯст.

Мо хостем дар бораи ҳуқуқи номзад аз Абдуманон Додозода, раиси дастгоҳи КМИРТ пурсем, вале аввал ба занги мо ҷавоб надод, баъд телефон танҳо банд буд…

12-уми феврал, шахси боэътимоди номзад азҲизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи №36 ноҳияи Данғара Тағоев Сайидалӣ ба маркази матбуотии ситоди интихоботии ҲНИТхабар дод, ки субҳи имрӯз тибқи барномаи маъракаи пешазинтихоботӣ, бо номзад Ҷаннатулло Комилов дар ҷамоати “Исмат Шариф”-и ноҳияи Данғара бо интихобкунандагон вохӯрӣ анҷом додем. Пас аз анҷоми ин вохӯрӣ, як нафар корманди шуъбаи корҳои дохилаи ноҳияи Данғара, ба номзад Ҷаннатуллоҳи Комилаз ҷониби прокуратураи ноҳияи Данғара даъватнома расонид.

Дар асоси ин даъватнома номзад Ҷаннатуллоҳи Комил мебоист соати 13:30 ба идораи прокуратура  ҳозир мешуд.

Тавре шахси боэътимоди номзад изҳор дошт, даъвати номзад бидуни ягон далил сурат гирифтааст.

Тибқи талаботи қонун вақте номзад аз ҷониби Комиссияи интихоботӣ ба қайд гирифта мешавад, ягон ниҳоди қудратӣ ҳуқуқи боздошт, бозпурсӣ ва манъи фаъолияти номзадро надорад.

Тавре Тағоев Сайидалӣ хабар дод, Комилов Ҷаннатулло бештар аз се соат аст, ки пушти дарҳои прокурутаруа қарор дорад.

More From Author

You May Also Like