Бешак зиёӣ чуноне аз номаш маълум аст, масъулияти рушангарӣ, роҳнамоӣ, илмикунонии сиёсату иқтисод, фарҳанг ва ҷандаҳои дигари ҷомеъаро бар уҳда дорад.
Ин аст муҳимтарин рисолати як зиёӣ, ки новобаста аз кадом табақаи ҷомеъа берун баромаданаш ба ин вазоиф пойбанд буду мемонад. Вале дар таҷриба дида мешавад, ки гоҳе зиёӣ бо пайвастан ба сиёсат ба шаклҳои мухталиф вазифаи аслии худро фаромӯш месозад.
Бояд хотирнишон кард, ки пайвастан ба сиёсат ва ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф бо ҳукумат нодуруст нест, балки дар чорчӯбаи ҳамон ҳадафҳои волои инсонӣ қарор гирифта метавонад. Аммо вақте аҳдофи илмӣ ва зиёӣ дар ин раванд фаромӯш шуда, дунболарави сиёсати ғайри илмӣ мегардад ва равишу ҳадафи аслиро фаромӯш месозад, ин гуна олими зиёӣ ба лақаби дарборӣ сазовор мегардад.
Шоиста аст, агар баҳс дар бораи ин навъ олимон зиёд сурат бигирад ва дар айни ҳол аз уламои таъсиргузор ва илммеҳвар тақдир шавад.
Ин мақола баёни сабабҳои дарборӣ шудан ба маънои манфии он, яъне фаромӯш кардани илммеҳварӣ, манофеъи умумии мардум, пайравӣ аз афрод, сиёсатҳои хос ва паёмадҳои ин чунин буҳронҳоро дар ҷомеъа мавриди баҳс қарор медиҳад.
Омилҳои дарборишавӣ
Якум, аз муҳимтарин авомили дарборӣ шудани зиёӣ авомили молист, яъне бар асари авомили иқтисодӣ рӯ овардан ба дарбор. Эҳтимол бо ҳамин сабаб ва ё хоҳишоти боз ҳам беҳтар кардани вазъияти зиндагӣ, саъй мекунанд бо истифода аз илми худ барои тақвияти молу манол, бо равишҳои гуногӯн, аз ҷумла пайвастан ба ҳукумат истифода намоянд.
Дувум, баъзе аз хостаҳои нафс, монанди ҷоҳу мақом мебошад, зеро то вақте дар ҳукумат нестанд аз мақому манзалат ва вазифаи шоистае, ки нафси онҳо мехоҳад, бархурдор нестанд, ба ҳамин хотир барои вазифа ба ҳукумат мепайванданд.
Савум, шуҳратдӯстдорист, яъне баъзан илова бар дӯст доштани вазифа ва мақом, назди мардум машҳур буданро низ дӯст медоранд, то онҳоро шиносанду таърифу тамҷид кунанд. Ба ҳамин хотир, пайвастан ба ҳукумат беҳтарин имкониятест барои онҳо.
Чаҳорум, эҳсоси бузургист, яъне онҳо фикр мекунанд ҷойгоҳ ва илми болое доранд, ки бояд дар раъси ҷомеъа, ба истилоҳ ҳукумат бошанд ва мардум аз ин зовия аз онҳо истифода баранд.
Панҷум, эҳсоси рақобат бо дигар зиёиён аст, агарчи ин омил эҳтимол хеле кам бошад. Яъне бархе аз зиёиён бо фаромӯш кардани рисолати хеш, барои пеш гузаштан аз ҳамтои худ ва нишон додани бартариаш, ба ҳукумат мепайванданд.
Шашум, омили аз ҳама зиёд мушоҳида шаванда, ин ҳусни ният ба ҳукумат доштан аст, яъне онҳо фикр мекунанд ҳукуматҳо аз инҳироф дуранд ва ҳамроҳ пеш рафтан бо онҳо ҳеҷ мушкиле эҷод намекунад ва гӯё ҳукумат фидои рисолати зиёист. Дар ҳоле ки ин хушбинӣ ифротист, ҳам ҳангоми вуруд ба сиёсат ва ҳам дар идомаи масир онҳоро дар ҷодаи хатарноке қарор медиҳад.
Ба ҳар ҳол, ҳамаи ин омилҳо як маъно доранд, фаромӯш кардани рисолати зиёӣ.
Қабл аз баёни паёмадҳои дарборишавии зиёиён ба ақсоми олимони дарборӣ ишорае доштанро лозим мебинем. Баъзе аз онҳо фақат ба шеваҳои ба зоҳир илмӣ аз тамоми сиёсатҳои ҳукуматҳо, ки иштибоҳ будани онҳо монанди рӯз рушан аст, дифоъ мекунанд ва ба саркӯбу таҳқири мухолифон мепардозанд. Иддаи дигаре аз ин олимони дарборӣ, дар масири ҳамин сиёсатҳоянд, аммо бо эҳтиёт рафтор карда, на аз ҳукумат ба сурати ошкор ҳимоя мекунанду на мухолифонро танқид мекунад. Яъне саъй мекунанд, “на сих сӯзаду на кабоб”.
Дар ҳоле, ки ҷойгоҳи худро аз даст додаанд. Бархеи дигаре аз онҳо ҳам ба нақди ҳукумат мепардозанду ҳам ба нақди мухолифон, вале нақди мухолифонро хеле зиёду барҷаста нишон медиҳанд; ин идда аз зиёиён ба хотири ҳифзи ҷойгоҳи худ, гоҳе аз ҳукумат низ интиқод мекунанд.
Бархе дигар аз ин дарбориён аслан мухолифонро саркӯб намекунанд ва гоҳе интиқодоте ҳам ба ҳукумат доранд, вале интиқоди онҳо хеле кам асту таъсир надорад. Ҳукуматҳо низ онҳоро ба хотири он нигоҳ медоранд ва истифода мебаранд, ки зараре дар сиёсатҳои ҳукумат дошта наметавонад. Аммо ҳамон тавре зикр шуд, дарборӣ шудани зиёӣ паёмадҳои хатарнокеро дар ҷомеъа ба вуҷуд меорад, ки ба чанд намуна аз онҳо ишора мешавад:
Яке аз паёмадҳо вайрон кардани ҷойгоҳи муқаддаси зиёист; зиёӣ ҳамчун шамъ рӯшангар аст, вале вақте ба тавҷеҳи сиёсатҳои хато ё печидатар кардани онҳо даст мезанад, ки мардум чупон будани фарзандро дар нисбати зиёӣ бартар медонанд, чун дар он сурат ҳадди ақал зарари онҳо ба ҷомеъа намерасад.
Натиҷаи дигаре, ки ба дунболи паёмади қаблӣ эҷод мешавад, ҷудоии мардум аз онҳост, зеро аз онҳо маъмулан хайреро намебинанд.Дигаре аз муҳимтарин паёмадҳои ин гуна рафторҳо, инҳироф аз фаъоилятҳои илмист. Илм ва андеша бояд масири табиъи худро дошта бошанд, вале дар масири сиёсатҳои иштибоҳ қарор гирифтани он ва дур шуданаш аз хостаҳои мардум ҳам, дар тули таърих хатароти ҷуброннопазиреро барои башарият ба армуғон овардааст.
Вақте илм ба самти хато меравад, натиҷааш ба хоку хун кашидани милёнҳо инсон мегардад, ки намунаҳои наздикаш, қатли оми беш аз 200 ҳазор нафар дар Ҳирошимо ва Наказакӣ ба дасти соҳибони имл аст.
Вақте илм ба масири дарбор ва дур аз арзишҳо пеш меравад, натиҷаи он афзоиши силоҳҳои куштори ҷамъӣ қарор мегирад; ояндаи башариятро ба хатар меандозад, дар ҳоле, ки агар илму олим ба ин самт намерафт, эҳтимол хатар канор гузошта мешуд.
Ба иборати содда қудрати илму ҷаҳл дар ободонӣ ва вайронасозӣ, ҳатман баробар нест. Ба ҳамин хотир, хеле аз мушкилоти имрӯзи ҷаҳон нашъат гирифта аз олимони дарбориест, ки фикр мекунанд ҳарчӣ аз онҳо хоста шуд, ниёзҳои ҳаётист ва бе онҳо зиндагӣ карда намешавад.
Дигаре аз паёмадҳо, ин намоиш додани ҳар чизи ғайриилмист. Хеле аз иштибоҳҳоти таърихӣ аз арзиш ва илму андешаҳо дур будаанд, вале ҳукуматҳо саъй кардаанд ба хотири ҳифзи мавқеъияти худ ин инҳирофотро илмӣ ҷилва диҳанд.
Албатта бештари ин корҳо бо афсуси зиёд тавассути зиёиён сурат гирифтааст. Намунаҳои онро мешавад дар ҷомеъаи худ мушоҳида кард, ки бархе зиёиёнамон даст ба илми нишон додани бархе корҳои ҳукумат мезананд, аммо хато буданаш бар ҳама ошкор аст.
Дигар аз паёмадҳои чунин як буҳрон, ин ҷудо шудан аз масири ҳаракати ҷаҳонист. Имрӯз пинҳон кардани воқеиятҳо аз тарафи олимони дарборӣ дигар бекор шуда истодааст ва пазириши воқеъият, сабаби пешрафти ҷаҳон гаштааст.
Дарборишуданро аз ин ба баъд мардум дар таърих мехонанд. Бо ин ҳолат ҷудошавӣ аз қофилаи ҳаракати ҷаҳонӣ сабаби ақибмондагӣ мегардад, зеро вақте фаъолиятҳо манофеъи умумӣ ва воқеъиятҳоро дар бар нагирифт ва дар соҳаи хос талош шуд, қатъан соҳаҳои умда холӣ аз фаъолият мемонанд.
Бо орзӯи муваффақиятҳои бештар барои зиёиёни ҳақиқии миллат ва пешрафти илму сиёсат ва иҷтимоъ дар кишвари азиз, Тоҷикистон.
Салим Ниёзманд