Categories СИЁСАТ

Дарс нотамом монд…

Мижгона Ҳалимова

nahzat.tj

Чанд сухан дар сӯги Устоди журналистикаи тоҷик

Пайванди Гулмуродзода, донишманди саршиноси тоҷик ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шаби гузашта, ба таври ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе бар асари сактаи қалб дар гузашт.

Вақте субҳи имрӯз вориди интернет шудам ва ин хабари шумро дидам, ростӣ хеле ғамгин шудам. Чунки устод маро дар ДМТ аз фанни журналистика дарс гуфта буд ва эҳсос мешуд, ки аз ӯ дида набуд устоде, ки журналистикаи тоҷикро хуб донад. Зеро аз публитсист ва аз беҳтарин муҳаққиқони муваффақи таърихи журналистикаи тоҷик, муаллифи садҳо мақола ва маҷмуаҳо буд.

Пайванди Гулмуродзода аз соли 1992 то соли 1996 ба ҳайси муовини декани ҳамин факулта ва солҳои 1996-2001 дар ҳамин даргоҳ дарс мегуфт ва солҳои 2005-2006 ба ҳайси декани факултаи журналистика фаъолият дошт.

Ҳатто гуфта шудааст, ки марги устод ногаҳонӣ буда, чанд соат қабл ӯ то соати 15:00 дар ҷамъомади наврӯзии устодон иштирок дошта, дар давоми рӯз аз саломатӣ шикоят надоштааст. Устоди гиромӣ дар сини 57 солагӣ фавтида, маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, 8-уми апрел дар манзили истиқоматияш, маҳаллаи Чортути ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гардид.

Яке аз шогирдони Пайванди Гулмуродзода, Носирҷон Маъмурзода дар бораи марҳум устод чунин гуфт: “Устод Гулмуродзода яке аз донишмандони қавию пурмаҳсули тоҷик ва ҳамзамон аз устодони сахтгиру нуктасанҷ буданд. Аммо шогирди ҳақталошу омӯзанда ва бодонишро ҳурмат мекарданду дӯст медоштанд. Вақте ба мо дарс мегуфтанд, чунин тасаввур ҳосил мешуд, ки Устод ҳамадонанд, ҳеҷ саволамон бепосух намемонд. Устод воқеан, аз донандаҳои хуби таърихи матбуот ва маорифи тоҷик буданд ва асарҳои пурарзише таълиф кардаанд.”

Ӯ афзуд: “Замоне аз эшон пурсида будем, ки чаро дар анҷоми рисолаи доктори худ таъхир мекунанд, чун дар пеши он кас даҳҳо шогирд рисолаҳои илмии худро дифоъ карданд. Он кас дар ҷавоб гуфтанд, ки мехоҳанд хеле пухта бошад корашон, бовазну аз лиҳози илмӣ муқаввӣ бошад. Яъне Устод кори хому суолзоро дӯст намедоштанд, ҳалолкор, ба илму маориф ва журналистикаи тоҷик содиқ буданд.”

Оро Маъруфпур, рӯзноманигор мегӯяд: «Устод Гулмуродзода ба маънои томаш Устод ҳастанд. Хоса, дар мавриди насиҳат ба шогирдон, ки бештар ба мутолиа машғул шаванд ва айёми донишҷӯйиро беҳуда нагузаронанд. Ҳамчун дар бахши таърихи матбуоти тоҷик муҳаққиқи беҳамто буданд. Ба андешаи ман мактаби таҳқиқи устод Гулмуродзода тиҳӣ монд. Афсус….мактаби журналистии Душанбе бе устод Гулмуродзода шабеҳи дарси нотамом аст..»

Мо гурӯҳи сомонаи мазкур аз даргоҳи Худованд ба наздикону пайвандони устод сабри ҷамил ва барои марҳум ҷаннатул-фирдавсро хоҳонем.

More From Author

You May Also Like