Categories Ахбори рӯз

Дар орзӯи телевизиони муштарак

Имрӯз дар нишасти хабарӣ раиси Кумитаи радио ва телевизионӣ назди Ҳукумати ҷумҳурӣ А. Раҳмонов ба хабарнигорон иттиллоъ дод,ки дар ҳолати расидагӣ ба мушкилоти фаннӣ телевизиони муштараки Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон ба кор медарояд. Раҳмонов ба таъкид изхор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон уҳдадориҳояшоро барои таъсиси ин шабака ба анҷом расонидааст. Дар ин нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки ҳайати музокиракунандаи ҷониби Эрон аз иқдомоти анҷомшуда хабар дорад. А. Раҳмонов сабаби фаъол нашудани ин шабакаро ба таҷҳизоти техникӣ вобаста донист, ки бояд Эрон онро таъмин менамудааст. Ёдовар бояд шуд, ки дар сатҳи роҳбарони се кишвари форсизабон таъсиси як шабакаи муштарак баррасӣ гардида буд. Аммо ҳамасола бо фаро расидани ҷашни Наврӯз ин Шабакаи муштараки телевизионӣ фаъол намегардад.

More From Author

You May Also Like