Дирӯз, 11 май дар вилояти Суғд миёни наҳзатиёни ин вилоят мусобиқаи волейбол гузаронида шуд. Бозии волейбол миёни 10 дастаи наҳзатӣ доир гашт.
Илҳомҷони Ёқуб, масъули шуъбаи ҲНИТ дар вилояти Суғд гуфт, волейболбозони навоҳии Ашту Мастчоҳ, Истаравшану Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафурову Хуҷанд, Исфара ва Зафаробод, Спитамену Конибодом байни ҳам сабқат кардаанд.
Дар натиҷаи ин бозӣ дастаи Ашт сазовори ҷойи аввал дониста шуда, волейболбозони ноҳияи Мастчоҳ ҷойи дувумро ишғол карданд ва ҷойи савум насиби бозингарони ноҳияи Истравшан шуд.
Бояд гуфт, шуъбаи ҲНИТ дар вилоят Суғд ба варзиш таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ҳамвора мусобиқоти мухталифи варзиширо байни масъулин, аъзо ва ҷонибдорон доир менамояд.
Categories
ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ