Categories Uncategorized

Девонаев барои дароз намудани муддати будубоши тоҷикон дар Русия ба Маскав рафт

Имрӯз, 28-уми октябр Сафиало Девонаев, сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия барои ба имзо расонидани «Созишнома оид ба фаъолияти меҳнатӣ ба муҳлати 3 сол» сафар намуд.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Иброҳим Аҳмадов дар суҳбат бо хабарнигор “Азияплюс” иброз намудааст, ки дар робита ба созишномаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони ҳарду кишвар ворид намудани тағйироти дахлдор пешбинӣ мешавад.

Ӯ гуфтааст, лоиҳаи протоколи тағйироти дахлдор аз ҷониби Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия бо мақсади иҷрои муқаррароти Ёддошт миёни Тоҷикистону Русия оид ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷират, ки санаи 5-уми октябри соли 2012 зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикисон ба имзо расида буд, таҳия гардидааст.

Дар ҳолати ба имзо расидани ин созишнома шаҳрвандони Тоҷикистон имконият пайдо менамоянд, ки иҷозати корро ба муҳлати 3 сол бе хориҷ шудан аз қаламрави Федератсияи Русия дарёфт намоянд.

More From Author

You May Also Like