Categories Uncategorized

Депутатҳо мехоҳанд рӯзи истироҳат ҷумъа шавад Вижа

nahzat.tj

Депутатҳо аз гурӯҳи  Ҳизби «Ар-Намыс» дар Парламенти Қирғизистон лоиҳаи қонунро таҳия карданд, то ки ба Кодекси меҳнат тағйирот ворид гардад ва дар асоси он рӯзи истироҳат аз якшанбе ба ҷумъа кӯчонида шавад.

Мувофиқи гуфтаи депутат аз фрактсияи Ҳизби «Ар-Намыс», Турсунбой Бақир, ин лоиҳаи пешниҳодкардаи онҳо ҳуқуқи динии мусалмононро ҳимоя мекунад ва чӣ тавре худи оқои Бақир шарҳ медиҳад, рӯзи ҷумъа бисёр одамон, ки мусалмонанд, барои намоз шуда, корро мепартоянд.

«Намози ҷумъа яке аз беҳтарин ибодат назди Парвардигор аст, вале замони он ба нимарӯзӣ рост меояд ва 85% аҳолии Қирғизистон худро мусалмон меҳисобанд ва рӯзмарра аз пайи ибодатанд.”- ёдовар мешавад депутат.

Агар ин лоиҳа қабул гардад, мувофиқи он дар ҳафтаи шаш рӯзи корӣ танҳо рӯзи ҷумъа истироҳат мешавад ва дар сурати панҷ рӯзи корӣ рӯзҳои ҷумъа ва шанбе истироҳат хоҳанд шуд.

Турсунбай Бақир мегӯяд, ки пешниҳоди онҳо ягон таъсири манфии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба бор намеорад ва ё маблағгузории иловагиро аз буҷаи давлат тақозо намекунад.

More From Author

You May Also Like