Categories Ахбори рӯз

Дидори бенатиҷаи Бойдан ва Урдуғон

Ихтилофи Амрико ва Туркия бар сари бархурд бо “Давлати Исломӣ” пас аз дидори муовини Барак Обама бо раиси Туркия ҳам бартараф нашуд. Ду тараф дар айни ҳол ба ҷузъиёте дар бораи омӯзиши пешмаргаҳои курд ва кӯмак ба оворагони сурӣ ишора карданд.

Ҷу Бойдан, муовини раисҷумҳури Амрико бо Раҷаб Тайиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия дидор ва гуфтугӯ кард. Тибқи хабаргузориҳо нишасти мазкур тақрибан 4 соат идома ёфт.

Ба гузориши “Рейтерз”, Бойдан пас аз ин дидор дар нишасти хабарии муштарак бо Урдуғон гуфт, ки дар ин нишаст на танҳо дар бораи муқобила бо “Давлати Исломӣ”, балки дар робита ба оворагони сурӣ низ суҳбат анҷом ёфтааст.

Вале суҳбат ва баҳси онҳо дар муқобила бо “Давлати Исломӣ” натиҷаи дақиқе надода ва ҳамзамон ихтилофи ин ду кишвар побарҷост. Ин дар ҳолест, ки Урдуғон тайи як хабаре иброз дошта буд, ки Амрико то кунун шартҳои гузоштаи Туркияро амалӣ накардааст.

More From Author

You May Also Like