Дар мулоқоти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо сарвари нави намояндагии Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо дар вилоят хонум Келси Ҳаррис Смит асосан масъалаҳои ҳамкориҳои тарафайни МИҲД бо ин ташкилоти бонуфузи байналмиллӣ баррасӣ шуданд. Таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, аз ҷумла бо ташкилотҳои байналхалқӣ ҳамкории судманд дорад. Бино ба иттиллои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хонум Келси Ҳаррис Смит изҳор намуд, ки САҲА ташаббусҳои неки Тоҷикистонро дар ҷодаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва оромиву суботи минтақа эътироф ва дастгирӣ менамояд ва омодаи ҳамкорӣ дар ин самт мебошад. Гуфта мешавад, ки Қоҳир Расулзода Келси Ҳаррис Смитро бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии вилоят шинос намудааст. Дар ин дидор ҷонибҳо ҳамзамон ба масъалаҳои низоми муҳоҷирати меҳнатӣ, муаммоҳои гендерӣ, муҳити зист ва таъмини амният дар минтақаҳои сарҳадӣ дахл намуданд.
Categories
Ахбори рӯз