Categories Ахбори рӯз

Додгоҳи Исроил нахуствазири пешинро муҷрим шинохт

Додгоҳи Исроил нахуствазири пешинро муҷрим шинохтЯҳуд Олмерт,
нахусвазири пешини Исроил, рӯзи душанбе дар муҳокимаи муҷададаш, дар додгоҳе воқеъ
дар Байтулмуқаддас ба далили хиёнат дар амонат ва қаллобӣ муҷрим шинохта шуд,
хабар медиҳад: “Ал-арабия”.

Ӯ дар соли 2012
аз иттиҳоми гирифтани пул аз як ҳомии худ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бегуноҳ
шинохта шуда буд, аммо пас аз он ки
садои забтшуда ва мансуб ба ӯ, ки дар он вай ба гирифтани пул ишора мекард-
мунташир шуд, муҷаддадан дастури муҳокима содир шуд.

Манбаъ меафзояд, Олмерт,
аз соли 2006 то 2009 нахусвазири Исроил буд. Ӯ ҳамчунин дар парвандаи дигаре ба далили
ришвахорӣ дар соли 2014 ба шаш соли зиндон маҳкум шудааст.

Яҳуд Олмерт, дар байни солҳои 1993
то 2003 шаҳрдори Байтулмуқаддас буд ва баъд ба унвони вазир вориди кобинаи
Исроил шуд.

Дар соли 2006, ки Ариел Шарон, нахусвазири вақти Исроил дучори сактаи мағзӣ шуд, Яҳуд Олмерт ҷои
ӯро пур кард.

Иттиҳомоти мухталифи
фасод бар тамоми даврони сесолаи нахусвазирӣ Олмерт бар шахсият ва давлати ӯ
соя афканда буд ва ӯ ниҳоят маҷбур шуд, аз аз симати нахусвазирӣ истеъфо диҳад.

More From Author

You May Also Like