Categories Uncategorized

Домулло Абдуҳакими Юстӣ

(Аз ҳаёт ва рӯзгори як тан аз фарҳангиёни тоҷик, аз китоби тозатаҳия ва ба чоп омодашудаи Абдуҳалим Ҳусайнӣ «Тазкират-ул-уламо»)

Асли зодгоҳи домулло Абдуҳаким деҳаи Юст, яке аз деҳаҳоест дар музофоти Нуробод. (Қаблан Пунбачӣ, баъдтар Комсомолобод, алвақт Нуробод). Ӯ таълимоти ибтидоиро дар деҳи худ гирифта, баъдан, дар ноҳияи Пунбачии онвақта таҳсил намудааст. Барои такмили улум ба Бухорои шариф раҳсипор шуда, дар яке аз мадориси ин шаҳри илм таҳсил ва бомуваффақият фориғ-ул-таҳсил шудааст.

Ҳангоми таҳсил ба ҳуҷраҳои хешу табор ва дигар аз шарикдарсонаш мерафт ва чун медид, ки эшон ба ош мондан машғуланд, мегуфта: «Ман ҳайрони он мешавам, ки шумо барои ош пухтану хӯрдан омадаед ё барои таҳсили илм?». Ҳамин буда, ки аз оши пухтаи онҳо тановул намекардааст.

Баъди хатми мадраса, ҳангоми истиқомат дар деҳаи худ нақл мекарда, ки «ҳаждаҳ сол дар Бухорои шариф ба таҳсил машғул будам, гоҳе иттифоқ наафтода, ки барои ош мондан дегро болои оташ гузошта бошам. Маро ин фурсат муяссар набуд».

Ӯ дар омӯзиши илм хеле ҳарис будааст ва баъди чанд соли таҳсил варо ҳамчун донишманди мутабаҳҳир мешинохтаанд. Дар ҳама илмҳои шаръӣ даст дошта, дар он овон касеро ёрои он набудааст, ки бо ӯ баҳс ва мунозира кунад. Дар ин маврид худи ӯ нақл карда, ки чун овозаи омад-омади уламои Ҳиндустон барои баҳсу мунозира бо уламои мо дар Бухоро мунташир шуд, ман ҳанӯз мадрасаро хатм накарда будам. Рӯзе охунди Бухоро маро наздаш хонду гуфт: «Мулло Абдуҳаким, ҳеҷ медонӣ, ки уламои Ҳинд барои мунозира ва имтиҳони мо ба Бухоро меоянд? Агар моро мулзам кунанд, айби бузурге хоҳад шуд. Дар ин масъала фикри ту чист? Гуфтам: тақсир, аз дасти банда чӣ меояд? Ман ҷуз як муллои сусттабъе беш нестам».

«Ана барои ҳамин ман туро ба эшон баҳс меандозам», табассум карда гуфт ӯ, «агар бар ту ғолиб оянд, дигар дар Бухоро касе онҳоро ҷавобгӯ нест. Лекин ту ҳам кори худро анҷом деҳ, то моро хиҷил накунӣ».

«Чун аз назди ӯ берун шудам», нақл мекунад, «домулло, беҳад мунфаъилу ҳаросон будам, ки оқибати кори ман бо эшон ба куҷо меанҷомида бошад. Бегоҳ ба ҳуҷраи худ рафтам ва ҳеҷ хуши мутолаъа намонда буд. Ҳамчунон мунфаъилу ваҳшатзада сар ба хоб ниҳодам ва дар хоб дидам, ки дар назди минбари масҷиди ҷомеъи Бухоро марди нурониву бошукӯҳе маро назди худ мехонад. Чун ба дастбӯсии эшон расидам, дасти мубораки худ ба китфи ман ниҳода фармуд: «Ҳеҷ ташвиш макаш, ту ғалаба хоҳӣ кард. Фақат дар дили шаб таҳорати комил кун ва тафсири сураи «Муҳаммад» (с)- ро дар тафосири чанде аз муфассирон бихон. Баъд сураро худат бихону нек тааммул кун ва дарк намо, ки чӣ чизҳо ба хотири ту мерасад, ки дар тафосири хондаат нест.

Чун бедор шудам посе аз шаб гузашта буд. Бархостаму таҳорат сохтам ва чор тафсири мавҷударо гирифтам. Аз ҳар кадоми онҳо тафсири сураи «Муҳаммад» (с) –ро хондам. Охирин тафсирро хонда тамом карда будам, ки бонги азони намози бомдод баланд шуд. Бархостам ва рафта намози бомдодро дар масҷид гузоридам. Боз ба ҳуҷра баргаштаму Қуръонро кушода, бо хотири ҷамъ ва тааммули тамом ба хондани сураи «Муҳаммад» (с) шурӯъ намудам. Чун ба ояи каримае расидам, мефармуд, «баъзе ба ту гӯш медиҳанд, то он гоҳ ки аз назди ту берун раванд, аз донишмандон мепурсанд, ин чӣ суханоне буд, ки мегуфт» (сураи «Муҳаммад», 16). Ҳолам дигаргун шуд ва аз худ ғоиб шудам. Ба назарам ҳамчунон намуд, ки дар ҷое бисёр ба фароғат нишастаам ва ба ман басо масоили шаръӣ, аз ҷумла фиқҳӣ талқин менамоянд ва ҳамаи онҳоро дар хотир нигоҳ доштам. Танҳо задани дари утоқи хобам маро ба худ овард, ки гоҳе ба даст ва гоҳе ба чизи дигар онро мезад. Чун дарро кушодам, паси дар яке аз мударрисони мадраса ва чанд муллобачаи дигар меистоданд ва баробар пурсиданд, ки «ту ба чӣ кор машғул будӣ?». Дар ҳоле ки аз рӯи онҳо арақ мешорид, гуфтанд, «ҳеҷ не, ки дарро бикушоӣ, мо хаёл кардем, ту гурехтаӣ ва ё ҳодисае ба ту рух додааст, акнун дарро шикастанӣ будем».

– Тинҷӣ ҳаст?- пурсидам.

-Ҳо, тинҷӣ, охунд туро металабад,- гуфт мударрис бо зарда.

Ман кафшҳоямро пӯшидам ва ҳамроҳ бо мударрису пешопеш ва муллобачаҳо аз қафо ба тарафи мадраса равон шудем. Дар саҳни мадраса охунди Бухоро пушт ба сӯйи қибла менишаст. Аз тарафи дасти рости ӯ донишмандон ва фақеҳони мутабаҳҳири мадориси Бухоро ва аз тарафи чап уламои Ҳинд, рӯ ба рӯи уламои мо менишастанд. Аз тарафи Шарқ, дар муқобили охунд қозикалони Бухоро ва қушбегӣ ва имоми амири Бухоро, ки яке аз қориёни машҳур ва ровии ҳадис буд, ҷой гирифта буданд. Чун чашми охунд ба банда афтод, хушҳол шуду фармуд: мулло Абдуҳаким, мо ҳама интизору шумо дер мекунед! «Тақсир, шаб хобам набурд, баъди намози бомдод хобам бурдааст», гуфтам дар ҷавоб.

Ӯ дигар ҳеҷ чиз нагуфт ва яке аз уламои дар тарафи рост нишастаро фармуд, ки як саф пеш аз уламои Бухоро, рӯ ба рӯйи уламои Ҳинд қолинчае андозанд ва ба ман амр шуд, то болои он биншинам. Чун уламои Ҳинд ин ҳолатро диданд, онҳо ҳам рӯ ба рӯйи ман қолинчае андохтанд, вале болои он ҳеҷ касро нашинониданд. Охунди Бухоро сухан оғоз кард ва аввал Худованди яккаву ягонаро ситоиш намуда, Паёмбари Ӯ (с)-ро бо олу асҳобаш дуруд фиристод ва баъдан, бо ишора сӯйи ман иброз дошт: ин писар мулло Абдуҳаким ном дорад ва зодаи яке аз деҳоти кӯҳистони Қаротегин аст. Ҳанӯз мадрасаро хатм накарда бошад ҳам, вале ҳамчун муллобачаи хушзеҳн мавриди эътибор ва эътироф қарор дорад. Ҳоло хоҳиши ӯ ҳамин аст, ки ба саволҳои шумо посух бидиҳад. Агар Худо накарда ӯ ҷое дармонад, банда ва дигар уламо дар пушти ӯ нишастаем, иншоаллоҳ, посух хоҳем гуфт.

Охунд лаҳзае хомӯш монд ва дар ин фурсат қозикалон ба имоми амири Бухоро ба таври гӯшакӣ чизе гуфт. Ӯ ҳам бо дастонаш ишорае кард ва чанд ҳарферо иброз дошт. Боз охунд риштаи суханро ба даст гирифта, рӯ ба уламои Ҳинд карду гуфт: савол додан аввал аз ҷониби кист?

Сарвари уламои Ҳинд, ки бисёр фақеҳ буду донишманд, дар ҷавоб фармуд, ки «мо аз раҳи дур омадаем, ба умеди аз шумо истифода кардан ва истифоза бурдан. Баъдан, суол додан ба касоне мансуб аст, ки аз роҳи дур, кӯҳҳову дарёҳоро убур карда қадам ранҷа фармудаанд.

Охируламр, сухан бад-он қарор гирифт, ки суолдиҳиро уламои Ҳиндустон сар кунанд».

Домулло Абдуҳаким нақл мекард, «аввалин саволе ки ба ман доданд, оиди тафсири ояи каримае аз сураи «Муҳаммад» (с) буд, ки мо онро гуфта гузаштем. Аввал аз чанд тафсир шарҳ додам ва тафсири шайхи Тусро афзал донистам. Барои тасдиқи сухани худ зиёда аз бист далел, чӣ аз Қуръон ва чӣ аз аҳодиси набавӣ, овардам, вале суолдиҳанда қабул намекард. Кор ба ҷое расид, ки охунди Бухоро бетоқат шуду фармуд: ҳай додар, беш аз ин бедодӣ макун!

Чун охунд суханро ба ин ҷо расонид, аълами уламои Ҳинд ба забони арабӣ ба суолдиҳанда гуфтанд: бархез, зиёда аз ин гаронҷонӣ макун. Ба саволи ту ҳанӯз дар далели панҷум ҷавоб буд. Саволдиҳанда ночор аз ҷой бархост ва дар сафи донишмандони Ҳинд нишаст.

Ҳамин тавр ин саволу ҷавоби мо як ҳафта давом кард, ки ҷамъи суолот аз сарҳади панҷсад таҷовуз мекард. Ман ба иродаи Худованд, ба ҳамаи саволҳо ҷавоби босавоб додам, чунон ки касеро аз эшон маҷоли савол додан намонд. Навбати савол додан ба мо расид, аммо он ҷониб ба аксари саволҳои мо ҷавоб гуфта натавонистанд. Ва баъди ин мубоҳиса дар Бухоро ангуштнамо шудем. Аз кадом кӯча ва гузаре ки мегузаштам, мардум ба ман ишора карда мегуфтанд: ана ҳамон мулло, ки ҳама саволҳои уламои Ҳиндустонро ҷавоб дод ва эшонро мулзам кард».

Домулло Мирзо Ҳиммат, ки аз деҳи роқими ҳуруф, Туғак буду баъди хатми мадраса сӣ сол дар мадориси Бухоро дарс мегуфт ва шарҳи ҳоли ӯ андактар хоҳад гузашт, нақл мекарда, ки «чун домулло Абдуҳаким мадрасаро хатм кард, аз устодон ва охунди Бухоро иҷозат хост, ки ба Қаротегин баргардад. Ҳарчанд манъ карданд, розӣ нашуд ва ихтиёри дар Бухоро будан ва дар мадориси он дарс гуфтанро қабул накард. Чанде аз рафтани ӯ гузашта буд, ки рӯзе охунди Бухоро дар саҳни мадраса бо надомат гуфт: домулло Абдуҳаким илмро аз Бухоро ба Қаротегин бурд».

Ҷадди роқими ин ҳуруф мулло Абдуҳафиз мефармуд: домулло Абдуҳаким гоҳе чизе аз касе ройгон намегирифт ва тӯҳфаву ҳадяҳои касеро ҳам қабул намекард. Аз аҷри меҳнати худ аҳлу байташро мехӯрониду мепӯшонид. Аҳёнан аз кони намаки Роғун ба дарозгӯш ва ё аспи худ намак бор карда, ба деҳоте ки намак камчин буд, мебурд ва бо гандум ё дигар зироъатҳои ғалладонагӣ иваз мекард.

Ривоят мекунанд, ки рӯзе аз роҳи деҳаи худ гузарон будааст, ки одамони деҳ говеро забҳ менамоянд. Аз чигунагии аҳвол мепурсад, эшон ҷавоб медиҳанд, ки ин модагови фалонӣ буд ва гӯсола карда натавонист.

Домулло фармудааст: зуд шикамашро чок кунед ва гӯсоларо бароред.

Чун гӯсоларо баровардаанд, фармуда, ки ӯро забҳ кунанд ва баъди забҳ гуфтааст: гӯсоларо пӯст биканед ва гӯшташро бипазед. Андак баъд ман ҳам меоям ва якҷоя тановул мекунем. Ҳамин ки гӯштро пухтаанд, домулло ҳам ҳозир шуда ва гӯштро якҷоя хӯрдаанд. Баъди чанд рӯз дар тамоми ноҳияи Пунбачӣ овоза шудааст, ки домулло Абдуҳаким гӯшти гӯсолаи дар шиками модараш мурдаро иҷозаи хӯрдан додааст.

Боре яке аз деҳқонони деҳа аз ҳазрати домулло пурсид, ки «тақсир, баъзан бо саргини чорпоён донаи гандум сиҳат берун мешавад. Оё онҳоро шустану хӯрдан дуруст бошад?».

Домулло ҷавоб медиҳад, ки «не, хӯрдан раво нест, лекин онро дар замин кишт кардан ва ҳосили онро истифода кардан раво бошад».

Ин сухан ҳам дар сар то сари ноҳияи Пунбачӣ мунташир мешавад, ки гӯё домулло Абдуҳаким иҷоза додааст, ки ҷаву гандуми бо саргини чаҳорпоён беруншударо шустану хӯрдан дуруст бошад. Аз ин гуна гапу қалочаҳо дар ҳаққи ҳазрати домулло бисёр мегуфтаанд, чуноне табиъати муллоҳои сусттабъ дар ҳаққи донишмандонро шоҳид гаштаем. Ҳатто ин суханҳоро то ба мири Ғарм бурда расонидаанд. Мир уламои ноҳияро ҷамъ карда, аз ҳолу авҳоли домулло Абдуҳаким пурсон мешавад. Онҳо зимни посух гуфтаанд, ки ҳеҷ кадоми мо бо ӯ шарикдарс набудем. Лекин дар сар то сари Бухоро ҳазрати домуло ҳамчун донишманди мутабаҳҳир шӯҳрат дошт. Ба ҳар ҳол, беҳтар он аст, ки уламо ва акобири ноҳияро як ҷо ҷамъ намуда, ӯро низ ҳозир созем ва дар ҳузури худи шумо оиди суханоне ки дар ҳаққаш шунидаем, сӯҳбате барпо созем, он вақт ҳақиқатро хоҳем фаҳмид.

Мири Ғарм ҳам гуфтаи онҳоро қабул мекунад ва домулло Абдуҳакимро бо ҷумлаи донишмандони номии Ғарм дар масҷиди ҷомеъи ноҳия ҷамъ карданӣ шуда, мунозира ва мубоҳисае ташкил додан мехоҳад. Азизе аз деҳаи Яхак мефармояд, ки як саҳарии барвақт, ясавули мири Ғарм омада, ҳазрати домуллоро пойи пиёда ба Ғарм мебарад. Зеро мир иҷоза надодааст, ки ӯ то ба Ғарм савора биояд.

Дар ҳоле ки домулло Абдуҳаким ҳамроҳ бо уламои Ғарм дар масҷид нишаста, мирро интизор менишастанд, мир бо як марди қоматбаланди синну солаш ба ҷое расида, вориди масҷид мешаванд. Уламо барои таъзиму такрими мир ҳама аз ҷой хеста, ӯ ва нафари ҳамроҳашро дар садри маҷлис ҷой медиҳанд. Мири Ғарм баъди нишастан ба уламо назар андохта, ҳарчанд саъй кардааст, домулло Абдуҳакимро нашинохтааст. Пас, бо овози баланд пурсида, ки мулло Абдуҳаким кист? Ҳазрати домулло аз ҷой нимхез шуда гуфтааст, «Абдуҳаким манам».

More From Author

You May Also Like