Таҳқиқоти ахири донишмандони амрикоӣ нишон медиҳад, ки истифода доимӣ аз телефони ҳомроҳ сабаб ба афзоиши хатари ибтило ба саратон мешавад.
Ба гузориши “tabesh.net”, то ба ҳол ҳеҷ далеле илмӣ мабнӣ бар иртибот байни саратон ва истифодаи доимӣ аз телефони ҳамроҳ дар даст набуд ва фақат эҳтимолоте дар ин замина вуҷуд дошт, вале озмоиши корбарони доимии мубойл нишон медиҳад, ки истифодаи доимӣ аз ин абзор хатари бурузи саратонро афзоиш медиҳад.
Тибқи охирин омори анҷомшуда, мардум қораи Амрико бештар аз тамоми нуқоти дунё аз телефон истифода мекунанд ва ҳудуди 85 дарсад афроди болиғ телефони ҳамроҳ доранд.
Дар ин таҳқиқот омадааст, ки мақсад аз корбарони доимии телефон афроде аст, ки дар моҳ беш аз 8 соат аз телефони ҳамроҳи худ истифода мекунанд.
Бо ин тартиб муҳаққиқон осебҳои дигари истифодаи доимӣ аз телефони ҳамроҳро баён кардаанд, ки аз ҷумла стрес, афзоиши хастагӣ, коҳиши шадиди иштиҳо, пайдо шудани афсурдагӣ, эҳсоси дард дар гуш, дар гардан аломатҳое ҳастанд, ки дар инсон пайдо мешаванд.