Categories Uncategorized

Дурнамои ҳамкориҳои ИМА ва Русия дар Афғонистон

Сенати ИМА лоиҳаи қонунеро ба баррасӣ гирифтааст, ки даст кашидан аз ҳамкорӣ бо Русияро оид ба масоили Афғонистон дар назар дорад.
Чанде қабл гурӯҳи ташаббускоре аз сӯи сенаторҳо дар мавриди омода кардани чунин як лоиҳа эълон дошта шуда буд, ки аз комилан қатъ кардани ҳамкориҳо бо «Рособоронэкспортом», бахусус дар самти ҳамкориҳои афғонистонӣ гуфта мешуд.
Бо дарназардошти лоиҳаи ишорашуда, ки номи «Акт оиди даст кашидан аз силоҳҳои русӣ дар соли 2014» дорад, қатъи ҳамагуна робитаҳои молиро ба тамоми корхонаҳои амрикоӣ ва хориҷиро бо ширкати «Рособоронэкспортом» зери нақша гирифта шудааст.
Бояд ёддовар шуд, ки феълан Русия ва ИМА ҳамкориро оиди хариде дар чаҳорчӯбаи «покати чархболӣ» идома дода истодаанд. Яъне дар ин замина таъмин намудани нерӯҳои Афғонистон бо техникаҳои русӣ идома дорад ва ба Афғонистон аллакай 12 чархболи Ми-17В-5 интиқол дода шудааст. 18-тои дигар, аз ҳисоби 30 чархбол то 31 декабр бояд харидорӣ шаванд.
Новобаста аз талошҳои аъзои Конгресси ИМА дар мавриди қатъ намудани ҳамкориҳо бо «Рособоронэкспортом», Пентагон мисли қабл дар нигаҳдошти субот дар Афғонистон саҳми Русияро ба ҳисоб мегирад.
Дар ҳамин ҳол, аз масрафи 103 милиард доллар барои барқарорсозии Афғонистон аз сӯи ИМА гузориш дода мешавад ва идома ёфтани чунин кӯмакҳо дар оянда ҳам, ҳатто гуфта мешавад, ки баъд аз соли 2014 ҳам ИМА кӯмаки молии 6-10 милиардаро барои ҳар сол дар назар гирифтааст.
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки оё ҳамаи ин кӯмакҳои молӣ дар барқарорсозии Афғонистон масраф мешаванд ё ағлаби он ба ҷайби масъулини фасодзада дар ниҳодҳои давлатӣ ворид мегарданд?

More From Author

You May Also Like