Categories ҶОМЕА

Зайдуллоҳ марди озода ва озодманиш

Баъзе аз рақибони кутоҳандеш дар ҳайратанд, ки чи тавр иддае аз мардони озода, мисли Зайдуллоҳро комёбиҳо насиб мегарданд. Онҳо роҳи расидан ба ҳама гуна комёбиро дар заминаи фасод мебинанд. Чаро?

Посух як аст, ҳоким будани фасод дар низоми давлатдорӣ ва афкори ҷомеъаи кишвар, яъне ҳама чизро дар баробари имкониятҳои мақомоти ғуттавар мегузоранд ва ба роҳи ҳалол даст ёфтан ба молу сарватро бовар надоранд.

Чунки ин идда аз мардум ҳамаро якранг мебинанд, гуё Зайдуллоҳ барин инсонҳо ҳам маҳз дар заминаи фасод соҳиби молу сарват шуда бошанд, ки ин иштибоҳест ниҳоят сангин ва ташвиқбахши роҳи дарёфти моли ҳаром.

Бале, фасодкории мақомот ба ҷое расидааст, ки бовари қишри дигари то ҷое озодандеши ҷомеъа ҳам ба ҳарфҳои фасодгуна майл пайдо кардааст. Вале мавриди тазаккур аст, ки набояд ба ҷисми лоғару пайкари заъифи Зайдуллоҳ ва зодаи маҳалли дар қудрат набудаи ӯ нигоҳ кард.

Худованд барои ин марди шариф дили чун кӯҳ мустаҳкам ва ғайрату ҷасорати озодманиширо инъом намудааст. Зеро боз ҳам ин Худованди одил аст, ки ҳамеша барои бандагон неъматҳояшро тақсим мекунад.

Аз ин лиҳоз бо вуҷуди маҷруҳии модарзодӣ, Аллоҳи бузург ба Зайдуллоҳ неъмати шарофатмандӣ ва истеъдоди баланду зеҳният ва заковати қавиро арзонӣ доштааст. Маҳз дар ҳамин поя ӯ бепушту паноҳи заминӣ ба дараҷаи баланди касбию ҷомеъавӣ расида, бо дарназардошти ниёзи ҷомеъа, ҳатто даст ба ташкили як ҳизби сиёсӣ зад.

Албатта ҳадаф аз таъсиси «Тоҷикистони нав» дар воқеъ кишвари азизро бо дидгоҳу андешаи нав дидан хостан буд, он ҳам дар заминаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ. Аммо ин ҳиммати озодманишӣ тарсу ҳароси дӯстдорони курсиро ба ҷое боло бурд, ки дар чеҳраи ин марди хайрхоҳ душмани воқеъии сарвари давлатро тарошиданд.

Фикр мекунам, Зайдуллоҳ, ки ҳанӯз дар солҳои 90ум, яъне аз оғози музокироти сулҳи тоҷикон вориди сиёсат гашта буд, аз бозиҳои пасипардагӣ огоҳии хуб дошт. Бешак фаҳмаш ба ин ҳам мерасид, ки ӯро рӯзе муттаҳам ба гуноҳҳои сангин хоҳанд кард, вале боз ҳам бовар дошт, ки дар мурофиъаи додгоҳӣ, дар заминаи риоя шудани адолату меъёрҳои ҳуқуқӣ, бегуноҳии худро исбот мекунад ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ ҳам танҳояш намегузорад.

Афсус…. Иштибоҳи ӯ маҳз дар ҳамин маврид ошкор мешавад, яъне боварӣ ба мавҷудияти адолат ва эҳтиромгузорӣ ба меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки нишона ва воқеъияти ин мафҳумҳоро то ба имрӯз на дар раванди бунёди давлати миллӣ шоҳид будему на дар низоми тафтишотиву судии он.

Тамоми таҳлилҳо бозгӯи онанд, ки беш аз 90%и инсонҳои паси панҷара буда, маҳз дар заминаи туҳмат ва таҳмили гуноҳ дар он ҷо қарор доранд.

More From Author

You May Also Like