Саламшоҳ Муҳаббатов – Қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо

Саламшоҳ Муҳаббатов, раиси Федератсияи гӯштии озоди Тоҷикистон ва яке аз фармондеҳони собиқ ИНОТ дар мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо дар Дубайи Имороти муттаҳидаи араб баргузор гардид, қаҳрамони ҷаҳон гардид, менависад сомонаи “Озодагон”.

Ин паҳлавони тоҷик дар вазни то 90 кг бо рақибонаш Владимир Маркелов (Русия) дар даври нахуст, Радик Нурмуҳаммадхонов (Русия) дар нимниҳоӣ ва Банжел Ярослав (Чех) дар даври ниҳоӣ қувваозмоӣ намуда, онҳоро шикаст дод ва қаҳрамони ҷаҳон оид ба дзюдо эълон гардид.

Саламшоҳ Муҳаббатов, паҳлавони 53-солаи тоҷик яке аз фармондеҳони собиқ Иттиҳоди нирӯҳои оппозитсияи тоҷик буда, баъди созишномаи сулҳ дар соли 1997 миёни ҳукумат ва мухолифон, ӯ тавассути намояндагӣ аз ИНОТ чанд даврае дар мақомҳои ҳукуматӣ адои вазифа намуд.

Ӯ феълан раиси Федератсияи гӯштии озоди Тоҷикистон аст.

More From Author

You May Also Like