Categories Uncategorized

Зани 21 – сола ва 11 фарзанди ӯ Вижа

Наъмия зани 21 – солаи сокини Ғазза дар Фаластин, ки пеш аз ин дорои 6 фарзанд буд бо ба дунё овардани 5 тифлаки дигар акнун дорои 11 фарзанд аст.

Ба гузориши “Аларабия”, Наъмия ва ҳамсари вай Раъд, ки танҳо ҳафт сол аз издивоҷи онҳо мегузарад, акнун соҳиби 11 фарзанд шудаанд.

Наъмия, модари ин кӯдакон мегӯяд, ки танҳо панҷ бор ҳомила шудам, аммо Худованд 11 фарзанд ба ман бахшид.

Вай дар айни ҳол шабро бо бехобӣ мегузаронад, чаро ки ба гуфтаи вай соати шабро бо ғизо додани ё тамйиз кардану бо хобондани онҳо сипарӣ мекунад.

Аммо падари 11 кӯдак, ки дар як идораи давлатӣ дар шаҳри Ғазза ба кор машғул аст гуфтааст, ки ҳар рӯз як қуттӣ шир ва як баста “памперс” мехарам, хариди ниёзҳои онҳо дигар аз тавоноии ман хориҷ аст.

Вай аз Маҳмуд Аббос, раиси ташкилоти худгардони Фаластин дархости кӯмак карду изҳор дошт, ки хостори кӯмаки доимӣ барои хариди шир ва пӯшинаи кӯдакон аст.

Наъмия, модари ин кӯдакон дар поён изҳор дошт, ки ман ба хусус аз вазъи шаббедорӣ хаста шудаам, ҳар рӯз гиря мекунам ва аз Худованд талаби кӯмак мекунам.

More From Author

You May Also Like