Покистон саранҷом ҳамсарон ва фарзандони Усома бини Лодан, раҳбари “Алқоида” – ро роҳии Арабистон кард.
Ба гузориши “parseek”, танҳо пас аз поёни даврони боздошти се ҳамсар ва фарзандони сардори собиқ “Алқоида” ва пардохти 10 ҳазор рупия ҷаримаи нақдӣ, хонаводаи Усома бини Лодан имрӯз ҷумъа бо як ҳавопаймои махсус Покистонро тарк карданд ва озими Арабистони Саъудӣ шуданд.