Мижгона Ҳалимова
nahzat.tj
Абдумалик Абдуллоҷонов, собиқ сарвазири Тоҷикистон аз зиндони шаҳри Киев озод шуда, ба Амрико рафт. Ӯ 5-уми феврали соли ҷорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии “Бориспол”- и шаҳри Киев боздошт ва рӯзи 7 феврал ба ҳабси муваққатӣ маҳкум шуд. Боздошти ӯ тибқи дархости Тоҷикистон аз рӯи талаботи полиси байналмилалии Интерпол сурат гирифт. Мақомоти интизомии Тоҷикистон Абдуллоҷоновро барои даст доштан дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам медонанд.
Пас чаро давлати Украина талоши Тоҷикистонро қабул накард, яъне Абдуллоҷоновро ба Тоҷикистон надод?
Маҳдӣ Собир, коршиноси мустақил мегӯяд: «Ин чанд сабаб дошт, аввал ин ки давлати Тоҷикистон чандон ҳавасманди ба ин ҷо овардани ӯ набуд. Зеро давраи интихоботи раиси ҷумҳурӣ аст, овардану ба ҷавобгарӣ кашидани Абдуллоҷонов вазъро ноором мекард. Зеро ӯ ҳам тарафдори зиёд дорад. Дигар ин ки ӯ корти гурезаи сиёсӣ дошт. Амрико кишвари тавонои аввал ҳаст, ҳеҷ кас наметавонад, ки паноҳандаи сиёсии онро ҳабс намояд. Дигар чизи муҳим он аст, ки Абдуллоҷонов мурдаи сиёсӣ аст, ӯ ҳеҷ хатаре ба Тоҷикистон надорад.»
Нуралӣ Давлат, таҳлилгар бар ин ақидааст, ки кадом бозиҳое пушти парда сурат гирифтаанд, масалан, ИМА ягон бор ҳозир нашуд расман эълон дорад, ки Абдуллоҷонов паноҳандагии он кишварро дорад. Гузашта аз ин, Интерполи Украина эълон кард, ки Абдуллоҷонов паноҳандагии ИМА-ро надорад. Барои кишварҳои собиқ шӯравӣ ин кори ғайримаъмули буд, аксарият бовар доштанд, ки Киев баъди боздошти Абдуллоҷонов ӯро ба Тоҷикистон месупорад. Ҳатто адвокати ӯ ҳам баъди судури қарори ҳабси истирдодии собиқ сарвазири Тоҷикистон ба муҳлати як сол комилан дилхунук шуда, гуфта буд, ки дар ин суд танҳо нақши ороишӣ (декоратсия)-ро иҷро кардааст. Украина нахостааст қонунҳои байналмилалиро дар умури паноҳандагон нақз кунад.»
Бояд гуфт, ки Абдуллоҷонов аз чеҳраҳои шинохтаи даҳаи аввали соли 1990 аст ва 21-уми сентябри соли 1992 бо қарори Шӯрои олии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи нахуствазир ва сипас 20-уми ноябри соли 1992, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ дар Қасри Арбоб, нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, то 18-уми декабри соли 1993 дар ин вазифа кор кард.
Аз соли 1980 муовини вазири аъшёи хоми ҶШС Тоҷикистон, аз соли 1986 муовини якуми вазир, аз соли 1987 вазири масолеҳи нонии ҶШС Тоҷикистон буд. Аз 21 сентябри соли 1992 иҷрокунандаи вазифаи сарвазир; аз 20 ноябри соли 1992 сарвазири Тоҷикистон буд. Дар соли 1993 ба сабаби норозигӣ бо сиёсати раисиҷумҳур Эмомалии Раҳмон, ба истефоъ рафт. Дар солҳои 1993-1994 сафири Тоҷикистон дар Русия буд. Моҳи ноябри соли 1994 дар интихоботи президентии Тоҷикистон номзадии худро гузошт. Аз нимаи даҳаи 1990-ум дар муҳоҷират зиндагӣ мекунад, Абдуллоҷоновро ҳамчун ташкилкунанди нооромиҳои Хуҷанд дар соли 1998 айбдор ва дар як идда ҷиноятҳои иқтисодӣ гунаҳкор дониста шудааст.
Тибқи навиштаи баъзе расонаҳо, Абдуллоҷонов дар даст доштан дар сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур, ҳамкорӣ бо полковники шӯришгар Маҳмуд Худойбердиев, ки дар соли 1998 аз қаламрави Ӯзбакистон ба шимоли Тоҷикистон ҳуҷум карда буд муттаҳам карда шудааст.