Ҳамчунон к-инҷо муғули
ҳилладон,
Гуфт: меҷӯям касе
аз мисриён.
Ҳамчунон, ки
муғулони ҳиллагар, дар сарзамини Рум ба мисриён гуфтанд: мо аз мисриён фақат як
нафарро мехоҳем ва бо дигари онҳо коре надорем.
Мисриёнро ҷамъ
оред ин тараф,
То дарояд он ки
мебояд ба каф.
Ҳамаи мисриёнро
дар ин ҷо гирд оваред, то шахси мавриди назарро пайдо кунем.
Ҳар кӣ меомад,
бигуфто: нест ин,
Ҳин даро хоҷа,
дар он гӯша нишин.
Ҳар яке аз
мисриён, ки ба он ҷо меомаданд, муғулон мегуфтанд: ин шахс мавриди назар нест
ва ба ӯ мегуфтанд: биё дар ин гӯша нишин.
То бадин шева
ҳама ҷамъ омаданд,
Гардани ишон
бадин ҳилла заданд.
Хулоса бо ҳамин
равиши ҳиллагарона афроди Фиръавн, ҳамаи мисриёнро дар як ҷо ҷамъ карданд ва
гардан заданд.
Шумии он ки сӯи
бонги намоз,
Доъияллоҳро набурдандӣ
ниёз.
Ин куштор бар
асари нофархунда будани ин амр буд, ки мисриён ба бонги муаззин, ки ишонро ба
иқомаи намоз даъват мекард, ҳеҷ навъ изҳори ниёзе намекарданд.
Даъвати маккорашон
андар кашид,
Алҳазар аз макри
шайтон эй рашид.
Аммо даъвати ҳиллагаронаи
муғулон, мардуми Мисрро ба сӯи қаҳр ва иқоб кашонид. Пас эй касе, ки расида ва
пухтаӣ ту низ аз макри шайтон ҳазар кун.
Бонги дарвешону
муҳтоҷон бинӯш,
То нагирад бонги
муҳтолит гӯш.
Ба нола ва бонги
дарвешон ва ниёзмандон гӯш фаро деҳ, то бонги шайтонсифатони маккор, гӯши
ботини туро кар накунад…
Пас биҷӯшиданд
исроилиён,
Аз пагаҳ, то
ҷониби майдон давон.
Чун ба ҳиллатшон
ба майдон бурд ӯ,
Рӯи худ
бинмудашон, пас тозарӯ.
Вақте, ки
Фиръавн, бо ҳилла ва найранг, бани Исроилро ба майдони шаҳр кашонид, ба тозарӯӣ
худро ба онон нишон дод.
Кард дилдорию
бахшишҳо бидод,
Ҳам ато ҳам
ваъадҳо кард он қубод.
Он шоҳи ҷаббор ба
он мардум, басе дилдорӣ дод ва ба онон ҳадяҳое бахшид ва низ ваъдаи атоҳои
дигаре дод.
Баъд аз он гуфт:
аз барои ҷонатон,
Ҷумла дар майдон
бихуспед имшабон.
Посухаш доданд,
ки хидмат мекунем,
Гар ту хоҳӣ як
маҳ инҷо сокинем.
Шаҳ шабонгаҳ, боз
омад шодмон,
К-имшаб он
ҳамласту, дуранд аз занон.
Фиръавн шабона ба
шодӣ ва хушҳолӣ ба хонаи худ бозгашт ва ба худ гуфт: имшаб шабест, ки қарор аст
нутфаи Мусо мунъақид шавад (яъне Мусо дар раҳми модар пайдо шавад) ва
хушбахтона ҳама афроди бани Исроил аз занонашон ҷудо ҳастанд…
Аз “Маснавии
маънавӣ” идома дорад.