Изҳороти роҳбарияти бахши ҲНИТ-и ноҳияи Зафаробод

Изҳороти роҳбарияти бахши ҲНИТ-и ноҳияи Зафаробод

Роҳбарияти бахши ноҳиявии ҲНИТ дар н. Зафаробод оиди фишорҳо ба аъзои ҲНИТ дар ноҳия аз ҷониби кормандони ҷамоатҳо ва мақомоти иҷроия ва инчунин аз ҷониби хизматчиёни ВКД ва КДАМ бо мақсади аз сафи ҳизб хориҷ кардани аъзоро амали ғайриқонунӣ ва дахолат ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, инчунин нодида гирифтани талаботи Сарқонун медонад. Аз суханони собиқ аъзои раёсат ва фаъолон, ки зери фишор ариза навиштанд маълум гашт, ки баьзе аз ниҳодҳои қудратӣ қасди аз байн бурдани бахши ХНИТ дар нохияро доранд ва дар ин самт тамоми чораҳои қонуниву ғайриқонуниро бакор бурдаистодаанд. Мо бо масъулияти том изҳор мекунем, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба харҷ хоҳем дод, то волоияти қонун таъмин гардад ва ин бахши ноҳиявии ҲНИТ фаъолияти худро баҳри таҳкими суботу амният ва расидан ба ҷомеаи демократӣ бо устуворӣ ва сарбаландона давом хоҳем дод. Мо сароҳатан эълон мекунем, ки: Хастем, Мемонем ва Иншоаллох Месозем!

Роҳбарияти бахши ҲНИТ дар ноҳияи Зафаробод

More From Author

You May Also Like