Иллати аслии Ҳамлаи Исроил ба Ғазза чист?

Дар аксари хабарҳои расонаҳои ғарбӣ чунин мехонем, ки Исроил барои дифоъ аз худаш ва бар зидди мушакпартоии ҲАМОС ба Ғазза ҳамла кардааст ва мақомоти иддае аз кишварҳои ғарбӣ ҳам бо ҳимоя аз ҳамлаи ваҳшиёнаи Исроил иддаъо мекунанд, ки ин низом ҳаққи дифоъ аз худашро дорад. Яъне ҳақ дорад бо вуҷуди куштори ваҳшиёнаи мардуми бегуноҳ, махсусан занону кудакон, ба Ғазза ҳамла кунад, зеро ҲАМОС ба Исроил мушак равон месозад.
Мардуми Тоҷикистон вақте аз асли қазия огоҳии лозим надоранд ба ин иддаъоҳо то ҷое бовар мекунанд. Ба ҳамин хотир, ба ин масъала аз зовияи дигар бояд нигоҳ кард, то қазияи Фаластин барои мардуми мо равшантар шавад.
Ҳама медонанд, ки ҳамлаи ҷинояткоронаи Исроил ба Ғазза баъди кушта шудани 3 ҷавони исроилӣ дар Каронаи ғарбии руди Урдун оғоз шуд. Минтақае, ки дар асл таҳти идораи ҳаракати ФАТҲ аст, на ҲАМОС ва то ҳол касе масъулияти ин кушторро ҳам ба уҳда нагирифтааст. ҲАМОС ҳар вақте, агар кореро карда бошад, масъулияти онро ба душ гирифтааст, мисли ба асорат гирифтани Гилъод Шалит, сарбози исроилӣ дар чанд соли пеш. Аммо ин кушторро борҳо рад кардааст, вале Исроил таъкид бар он дорад, ки мурғ як по дорад, яъне масъули ин кор танҳо ҲАМОС аст, агарчи ҳеҷ далеле барои исботи даъвои худ надорад.
Аз тарафи дигар, дар ибтидо, Исроил қабл аз ҳамлаи ваҳшиёна болои Ғазза 6 фаластиниро шаҳид кард, ҳатто гурӯҳҳои ифротии яҳудӣ ҷавони фаластиниеро дуздида, ба шиканҷа кашида, баъдан ҷасадашро оташ заданд. Ҳамаи ин дар баробари кушта шудани 3 исроилӣ гуё қобили дард нест ва ҳамлаи ваҳшиёнаи низоми ғосиб болои Ғазза амри зарурӣ будааст.
Аммо дар асл омилҳои ин ҳамла комилан дигаранд. Пеш аз ҳама дар ин авохир ҲАМОС ва ФАТҲ ба тавофуқ расиданд, ки дар Фаластин як давлати миллӣ бо ширкати технократҳо ташкил менамоянд. Зеро Исроил дар музокироти сулҳ бо ҳукумати худгардони Фаластин баҳона пеш меовард, ки ҳукумати Маҳмуд Аббос намояндаи ҳамаи фаластиниҳо нест ва ҲАМОС ҳукумати худашро дорад. Аммо бо ба тавофуқ расидани ҲАМОС ва ФАТҲ, боз ҳам Исроил бо «далил»-и дигаре фарёд бардошт, ҳама гуна ҳукуматеро, ки дар он “террористон” шомиланд, ба расмият намешиносад.
Бо вуҷуд, гурӯҳҳои фаластинӣ ба фитнаи навбатӣ дода нашуданд ва ба хулоса расиданд, ки ҳеҷ ҷонибе ҷуз худи онҳо дар фикри ояндаи Фаластин нест ва дар пояи хамин хулоса ҳукумати ягонаро ташкил намуданд, ки ширкати намояндаи он дар музокирот ва дар арсаи байналмилал бар зарари Исроил хоҳад буд.
Ба ҳамин хотир, Исроил тамоми фишорҳоро ба ҳукумати худгардон ворид кард, то аз ташкили ҳукумати ягона бо ҲАМОС даст бикашад, аммо ба ин муваффақ нашуд. Пас роҳи дигарро пеш гирифт, он ҳам зарба задан ба ин ҳукумат тавассути ҳамлаҳои низомӣ. Ҳамлае, ки мардуми фаластинро ба қисматҳо ҷудо карда, пеши роҳи ташкили ҳукумати ягонаро бигирад, фақат барои Исроил баҳонае лозим буд, то ҳамлаи хешро ба Ғазза оғоз бахшад.
Аз тарафи дигар, баъди ҳамлаи ваҳшиёнаи чанд сол пеши Исроил ба Ғазза ва оташбасе, ки байни Исроил ва ҲАМОС барқарор гардид, ҲАМОС мушакеро ба самти Исроил шилик накардааст, ки баҳонаеро ба дасти ин режим дода бошад. Вале боз ҳам Исроил барои худ баҳонаеро, тавре дар боло ишора рафт, пайдо ва ҳамлаи дигаре болои Ғазза роҳандозӣ кард.
Масъалаи дигар, Исроил ҳамеша эълон медорад, ки ҲАМОС-ро ба расмият намешиносад ва бо ин ҳаракати муқовимат музокира ҳам намекунад. Пурсида мешавад, ки оё ҲАМОС чунин як далел барои эътироф надоштани Исроилро надорад? Дорад, он ҳам далили мантиқӣ!
Ҷои ёддоварист, вуҷуди Исроил дар манотиқи ғасбкардаи феълӣ ғайриқонунист ва инро қатъномаи СММ тайид мекунад, яъне Исроил бояд ба марзҳои пеш аз ҷанги соли 1967 баргашта, давлати хешро дар ҳамон маҳдуда поягузорӣ намояд. Вале ҳоло бо зур марзҳои худро тавассути забкориҳо хеле васеъ карда, ҳатто ба қарорҳои СММ кадом арзишу аҳамияте қоил нест. Оё ҳукумате, ки ба талаби кишварҳои зиёд ва қарорҳои созмонҳои байналмилалӣ беэҳтиромӣ мекунад, ба ҳуқуқи башар пойбанд буда метавонад?
Аз тарафи дигар, ИМА ба чандин қарори Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди Исроил мухолифат нишон додааст, бахусус дар 50 маврид. Таҳлилҳо долат медиҳанд, ки маҳз дар ҳамин замина Исроил боре ҳам барои саркашиву ҷиноятҳояш муҷозот нашудааст. Дар дунё кишваре нест, ки ба андозаи Исроил кудакону занонро ба қатл расонда бошад.
Ин бор ҳам расонаҳои ғарбӣ маҳз ҲАМОС -ро оғозгари хушунати навбатӣ ва муқассир нишон медиҳанд, дар ҳоле ки Исроил аз ҷанг манфиъат ва аз куштори кудакон лаззат мебардорад. Манфиъати Исроил, пеш аз ҳама пешгирӣ кардан аз ташкили як давлати фарогир дар Фаластин аст. Манфиъати дигар, мушкилоти дохилиашро ба души фаластиниҳо бор кардану бо хуни ин миллат инсиҷоми дохилиашро нигоҳ доштан.
Исроил аз осмону замин ба сари занону кудакон, ҳатто силоҳҳои ғайримутаорифро истифода мебарад, вале касе онро гунаҳкор намедонад. Аммо Ҳамос, ки ба хотири дифоъи худаш чанд мушакеро ба самти ин аждаҳои одамхор шилик месозад, террорист будаву бояд муҷозот шавад.
Ин мантиқи расонаҳои ғарбиро ҷомеъаи огоҳ дар сатҳи ҷаҳон қабул дошта наметавонад, агарчи навиштаҳои ВАО-и ғарбиро анҷом нест.

More From Author

You May Also Like