Абдуллоҳ шарифов
27.03.2012, 11:55
Аввалин ваҳй бо «Иқра» яъне бихон сар шуд
Чаро марҳалаи пеш аз Исломро «ҷоҳилият» меноманд?
Вожаи «илм» дар адабиёти исломӣ
Фарқи инсон аз дигар махлуқот илму дониш аст
Интишори ҷаҳлу бесаводӣ аз аломатҳои қиёмат аст
Аввалин ваҳй бо «Иқра» яъне бихон сар шуд
Бешак, нахустин ҳақиқате, ки ҳангоми мулоқоти аввалини Ҷабраил (а) бо Расули акрам (с) зоҳир шуд, бар асоси илм бино ёфтани Ислом ва радди хурофоту залолатҳо буд. Панҷ ояти нахустини ваҳйи илоҳӣ, ки ба замин фуруд омад, дар атрофи як масъала – масъалаи илм баҳс мекунад. Худованди таоло мегӯяд: «Бихон ба номи Парвардигори худ, ки офарид. Одамиро аз хуни баста офарид. Бихон ва Парвардигори ту бузургвор аст. Он, ки ба дастёрии қалам илм омӯхт; одамиро он чӣ намедонист, омӯхт»(Сураи Алақ, 1-5)
Нузули оятҳои мазкур аз чанд ҷиҳат аҷибу шигифтангез мебошад. Якум, Худованди таоло аз миёни ҳазорҳо мавзӯи Қуръони карим барои оғози ваҳй маҳз илмро интихоб намуд, дар ҳоле ки худи Пайғамбар (с) наметавонист, ки бинависад ва бихонад. Аз ин ҷо равшан мегардад, ки калиди шинохти дини нав илм мебошад.
Дуюм, ояҳо дар замоне нозил шуданд, ки арабҳо ба илму дониш аҳамияти ҷиддӣ намедоданду баръакс афсонаю хурофот кулли ҷанбаҳои ҳаёташонро фаро гирифта буд. Дар ин марҳилаи таърихӣ онҳо ба ғайр аз шеъру балоғат қариб дар ҳамаи илмҳои дигар қафомонда буданд. Боз аҷибтар он аст, ки Қуръони карим арабҳоро маҳз дар ҳамин бахши бартаридоштаашон ба майдон хондааст.
Сеюм, интихоб шудани хондан ҳамчун воситаи асосии омӯзиш низ мавриди шигифту тааҷҷуб аст. Воситаи мазкур агарчи душвортару кӯшиши бештар талаб мекунад, лекин маҳсули он мустаҳкамтар аз дигар воситаҳо ба мисли мушоҳида, шунидан, хулосабардорӣ ва ғайра мебошад.
Чаро марҳалаи пеш аз Исломро «ҷоҳилият» меноманд?
Аз рӯзи аввал ва ҳатто лаҳзаи нахуст Ислом барои ҳамаи мардум эълон мекунад, ки касе бо ин дин хоҳиши пайвастан дошта бошад, бояд барои омӯхтану омӯзонидан ва хондан заҳмат намояд. Бешубҳа, он рӯзгор Ислом дар муҳити ба рӯҳияи илму дониш одатнакардаи араб инқилоби илмии ҳақиқӣ овард. Ба дараҷае ки давраи қабл аз ислом «ҷоҳилият» ва баъд аз он замони илму ҳидоят номида шудааст. Худованди таоло гуфт: «Оё ҳукми ҷоҳилиятро мехоҳанд? Ва барои қавме, ки яқин доранд, кист, ки ба эътибори ҳукм аз Худо хубтар бошад». (Сураи Моида, 50).
Бо назардошти ин, таъкид намудан зарур аст, ки дар ин дин барои ҷаҳлу хурофот ва шакку шубҳа ҷое нест. Аз рӯзҳои аввалини қабули рисолат Пайғамбар (с) амр шуда буд, ки аз ҷоҳилони мағрур ба ҷаҳлу нодонӣ ва безор аз илму дониш рӯй бигардонад. Худованди таоло гуфт: «Гузашт карданро лозим гир ва ба кори писандида бифармо ва аз нодонон рӯй бигардон». (Сураи Аъроф, 199).
Ҳамчунин аз оғоз аён гардид, ки дини нав равиши ба гумону хаёлот биноёфтаро куллан рад намуда, шариату аҳком ва тасаввуроту қонуниятҳояшро бар асоси яқин гирифтааст. Худованди субҳонаҳу ва таоло ҳоли кофирон ва аз дин рӯйтофтагонро тасвиркунон мегӯяд: «Ва онҳоро ба ин [гуфтаи худ] ҳеҷ донише нест. Онҳо [чизеро] пайравӣ намекунанд, магар ваҳмро; ва ба дурустӣ ки ваҳм барои шинохти ҳақиқат чизеро нафъ намедиҳад». (Сураи Наҷм, 28).
Вожаи «илм» дар адабиёти исломӣ
Ҳамин тавр, Қуръони карим ва дастури ҷовидони Ислом қариб дар ҳамаи сураҳояш қадру аҳамияти илмро баён намуда, гоҳе ба тариқи мустақиму гоҳе ғайримустақим аз ин қазияи муҳим ёдовар мешавад.
Вақте ки ман адади калимаи илм ва иштиқоқҳои онро дар Қуръони карим ҳисоб намудам, маро ҳайрати беандоза фаро гирифт. Дарёфтам, ки адади ин калимаҳо ба 779 мерасад, яъне илму дониш дар ҳар сура қариб 7 маротиба баён гаштааст! Ин ҳисоби ман фақат аз рӯи феъли «алима» аст, ки ҳарфҳои алиф, лом ва мимро дарбар мегирад. Илова ба ин, дар китоби илоҳӣ калимаҳои дигаре, ки зери мафҳуми илму дониш медароянд, хеле бисёр ворид шудааст, ба монанди яқин, ҳидоят, ҳикмат, фиқҳ, бурҳон, далел, ҳуҷҷат, оят, байина ва ғайра.
Ҳисоб намудани адади калимаи илм дар китобҳои суннати набавӣ кори ниҳоят тоқатфарсо ва ҳатто номумкин аст. Масалан, танҳо дар китоби «Саҳеҳи Бухорӣ» калимаи «илм» беш аз сесад маротиба зикр шудааст, дар ҳоле ки ин китоб асари на он қадар калонҳаҷм мебошад. Дар қатори «Саҳеҳи Бухорӣ» инчунин дигар китобҳои ҳадис мавҷуданд, ки дар ҳаҷм аз он ба маротиб бузургтар ҳастанд, ба монанди «Саҳеҳи Муслим», «Сунан»-ҳои Тирмизӣ, Насоӣ, Абӯдовуд, Ибни Моҷаҳ, Доримӣ ва Байҳақӣ, «Муснад»-и Имом Аҳмад, «Муваттаъ»-и Имом Молик, «Мӯъҷам»-и Табаронӣ, «Саҳеҳ»-и Ибни Ҳиббон, «Мустадрак»-и Ҳоким ва ғайра.
Фарқи инсон аз дигар махлуқот илму дониш аст
Агар оятҳои Қуръони каримро мулоҳиза кунем, ошкор мешавад, ки ин ҳама диққату эҳтимом нисбати илму дониш нафақат аз оғози ислому нузули Қуръон, балки ҳанӯз аз ибтидои офариниши Одам будааст. Худованди азза ва ҷалла Одамро офарида ҷойгузини худ дар замин қарор дод ва фариштаҳоро амр намуд, ки ба вай саҷда кунанд. Парвардигор Одамро гиромию муаззам дошта, сипас ба мову фариштаҳо сабаби ин қадрдонию эъзозро ошкор намуд, ки он ҳамоно «илм» будааст.
Одам (а) аз фариштаҳо дар дарозии қиём, бисёрии зикру тасбеҳ, қуввати фавқуллода ва тоати мутлақ пештоз набуд, балки дар ҳамаи сифатҳои зикршуда фариштаҳо дар миёни махлуқот беҳамтою беназиранд. Ягона сифате, ки боиси дастболо гаштани Одам аз фариштаҳо шуд, илму дониш мебошад. Бинобар ин, Худованди азза ва ҷалла ӯро аз миёни сафҳои фариштагони гаронқадр баландтар бардошта, ҳатто онҳоро ба саҷда кардан амр намуд.
Дар ин замина Қуръони карим мегӯяд: «Ва (ёд кун) чун Парвардигори ту ба фариштагон гуфт: «Ман ҷонишине дар замин меофаринам». Гуфтанд: «Оё дар замин касеро меофаринӣ, ки дар вай табоҳӣ ва хунрезӣ мекунад? Ҳол он ки мо ба ҳамди Ту тасбеҳ мегӯем ва барои Ту ба покӣ иқрор мекунем?» Фармуд: «Ҳамоно Ман он чиро медонам, ки шумо намедонед». (Худо) тамоми номҳо (-и махлуқон)-ро ба Одам биомӯхт; сипас он чизҳоро бар фариштагон пеш овард, пас гуфт: «Агар ростгӯ ҳастед, ба номҳои ин чизҳо Маро хабар диҳед». Гуфтанд: «Ба покӣ ёд мекунем Туро, моро ҳеҷ дониш нест, магар он чи Ту ба мо омӯхтӣ, ба дурустӣ ки Ту донои боҳикматӣ». Фармуд: «Эй Одам, фариштагонро ба номҳои инҳо хабар деҳ». Пас, чун онҳоро ба номҳои инҳо хабар дод, фармуд: «Оё ба шумо нагуфта будам, ки ҳамоно Ман чизҳои ниҳонии осмонҳо ва заминро медонам; ва он чиро, ки ошкор мекунед ва он чиро, ки пӯшида медоштед, медонам». Ва чун ба фариштагон гуфтем: «Ба Одам саҷда кунед» – пас, саҷда карданд, магар Иблис, (ки) қабул накард ва саркашӣ намуд ва аз кофирон гашт». (Сураи Бақара, 30-34).
Ҳамин тавр, аз лаҳзаҳои нахустини офарида шудани Одам (а) қазия возеҳу равшан шуд. Яъне инсон ҳар гоҳ ки ба илму дониш чанг занад, ба андӯхтани он ҳарис бошад ва ранҷу заҳмат кашад, барҳақ лоиқи ҷойнишини Худованд дар замин мегардад. Баръакс агар ба ҷаҳлу нодонӣ одат кунад, аз илм худро дур кашад ва ё ба миқдори ками он басандагӣ кунад, зуд хусусиятҳои ин ҷойнишиниро аз даст дода, ба мақоми бандаи солеҳу обрӯманд сазовор намешавад.
Интишори ҷаҳлу бесаводӣ аз аломатҳои қиёмат аст
Илму дониш амри меҳварию асосӣ дар ҳаёти инсоният буда, аз оғози офариниш то рӯзи қиёмат ҳамин гуна боқӣ мемонад. Агар илм аз дунё нопадид гардад, ҳаёт дар он номумкин шуда, ҳатто маънои зиндагӣ гум мешавад. Аз ин рӯ, нопадид гаштани илму дониш ҳушдор ба наздик шудани қиёмат аст. Вобаста ба ин Бухорӣ ва Муслим аз Анас ибни Молик (р) ривоят кардаанд, ки Пайғамбар (с) гуфт: «Аз ҷумлаи нишонаҳои қиёмат ин аст, ки илму дониш аз байн меравад, ҷаҳлу нодонӣ паҳн мегардад, шаробхорӣ ва зино ошкоро анҷом дода мешавад». (Бухорӣ, Китоб ул-илм, Боб рафъ ил-илм ва зуҳур ил-ҷаҳл (80); Муслим, Китоб ул-илм, Боб рафъ ил-илм ва қабзиҳи (2671); Тирмизӣ (2205); Ибни Моҷаҳ (4045); Аҳмад (12829) ва Абӯяъло (3062).
Аз байн рафтани илму дониш тариқи аз синаҳо маҳв шудани он рух намедиҳад, балки бо марги олимон сурат мегирад. Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос ривоят мекунанд, ки гуфт: «Шунидам, ки Пайғамбари Худо (с) мегуфт: «Ба дурустӣ ки Худованд илмро аз синаи бандагони худ маҳв намекунад, балки бо марги олимон онро аз байн мебарад. Вақте ки олиме [зинда] намемонад, мардум [барои худ] ҷоҳилонро роҳбар мегиранду [масъалаҳояшонро] аз онҳо мепурсанд. Онҳо бошанд, бидуни илм фатво медиҳанд. Дар натиҷа, худашон гумроҳ мешаванду дигаронро ҳам гумроҳ мекунанд». (Бухорӣ, Китоб ул-илм, Боб кайфа юқбазу л-илм (100); Муслим, Китоб ул-илм, Боб рафъ ил-илм ва қабзиҳи (2673); Тирмизӣ (2652); Доримӣ (239); Ибни Ҳиббон (4571); Табаронӣ дар «Ал-авсат» (55).
Барои ҳамин марги олим фоҷиаи ҳақиқӣ буда, он аз заминҷунбию вулқонҳо ҳам мудҳиштар аст. Зеро бе олиму донишманд заминро фасод фаро мегираду одамон аз ҳадафи офариниши худ ғофил мемонанд. Дар ин ҳол зиндагонӣ комилан беқадр мегардад.
Умар ибни Хаттоб (р) мегӯяд: «Бешубҳа, марги ҳазор обиди шабзиндадору рӯзадор аз марги олими бохабар аз ҳалолу ҳароми Худованд сабуктар аст». (Ҳорис ибни Абӯусома, Ҳофиз Нуруддин Ҳайсамӣ: «Буғят ул-боҳис ан завоид муснад ил-Ҳорис», 2/813).Вақте ки нависандаи ваҳй ва донишманди бузургвор Зайд ибни Собит (р) вафот кард, Абдуллоҳ ибни Аббос (р) гуфт: «Касе, ки мехоҳад рафтани илму донишро бубинад, пас ин аст рафтанаш». (Ибни Ҳаҷар, Таҳзиб ут-таҳзиб, 3/344).
Давом дорад…