Илм аз дидгоҳи Ислом (2)

Абдуллоҳ Шарифов

30.03.2012, 12:10

Илму дониш сифати пайғамбарон аст

Мероси пайғамбарон: Илму дониш

Илм ва офариниши инсон

«Ҳасад накунед, магар дар ду чиз»

Охирсухан

Илму дониш сифати пайғамбарон аст

Соҳиби мақому мартабаи баландтарин дар пеши Худованд аз миёни одамиён пайғамбаронанд. Бинобар арзишу аҳамияти бисёр доштани илм дар мизони Парвардигор, пайғамбарон ва сифати дониш дар Қуръони карим бо ҳам зикр шудаанд. Худованди таоло равшан таъкид кардааст, ки илму дониш муҳимтарин сифати анбиё (а) буда, махсус бо ҳамин сифат онҳо аз дигарон бартарӣ доранд. Барои чӣ на? Дар ҳоле ки нақши асосии эшон дар дунё таълими дигарон аст. Худои таоло мегӯяд: «Ва бар пайғамбар ба ҷуз пайғом расонидани ошкоро [чизе] нест». (Сураи Нур, 54).

Чӣ тавр ӯ пайғоми ошкоро мерасонад, дар ҳоле ки худаш онро намедонаду сарфаҳм намеравад?! Аз ин рӯ, зикри пайғамбарон доимо дар робита бо илму дониш омадаааст. Худованди азза ва ҷалла дар ҳаққи Одам (а) гуфт: «Тамоми номҳо (-и махлуқон)-ро ба Одам биомӯхт». (Сураи Бақара, 31). Инчунин дар ҳаққи Лут (а) гуфт: «Ва ба Лут ҳикмату илм додем». (Сураи Анбиё, 74).Дар ҳаққи Исо (а) гуфт: «Ва чун китобу дониш ва Тавроту Инҷил ба ту омӯхтам». (Сураи Моида, 110).

Бухорӣ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки вай гуфт: «Расули Худо (с)- ро шунидам, ки гуфт: «Боре дар хоб дидам, ки ба ман қадаҳи шир дода шуд. Ман ширро то он даме нӯшидам, ки намӣ аз зери нохунҳоям берун меомад. Сипас, боқимондаи онро ба Умар ибни Хаттоб додам. Мардум гуфтанд: «Эй Расули Худо, он [хоб]-ро чӣ гуна таъбир кардед?» Гуфт: «Онро ба илм таъбир кардам». (Бухорӣ, Китоб ул-илм, Боб фазл ил-илм (82); Муслим, Китоб фазоил ус-саҳоба, Боб мин фазоил Умар (2391); Аҳмад (5868).

Мероси пайғамбарон: Илму дониш

Илму дониш қиматтарин чизе буд, ки пайғамбарон доштанд. Аз ин рӯ, маҳз ҳамин чизро ба мо мерос гузоштанд. Агар касе хоҳад, ки парчами пйғамбаронро бардорад, роҳи онҳоро тай кунад ва рӯзи қиёмат ҳамроҳи онҳо бархезад, пас роҳи илму донишро пай гирад.

Бинобар арзишу ҷойгоҳи илм, Худованди азза ва ҷалла ба касоне, ки онро ато кардааст, бо ин неъмати хеш миннат мекунад. Масалан, дар ҳаққи Толут (а) мегӯяд: «Ба дурустӣ ки Худо ӯро бар шумо баргузидааст ва ӯро фарохӣ дар дониш ва афзунӣ дар бадан додаст.» (Сураи Бақара, 247)

Дар ояти мазкур дониш аз қувват пеш гузошта шудааст, зеро бо дониш мешавад, ки қувватро тасхир кард. Аммо баръакс намешавад. Шахси заифу камқувват бо донишу заковати худ метавонад шери қавиҷуссаро ром кунад. Ром гаштани шер ба қуввати бадани шахс вобаста нест, балки ба қуввати дониши шахс вобаста аст.

Дар ҷои дигар дар ҳаққи касоне, ки Қуръонро дар синаи хеш ҳифз кардаанд, мегӯяд: «Балки Қуръон дар синаҳои онон, ки ба онҳо илм дода шуд, оёти равшан аст.» (Сураи Анкабут, 49). Дар ҳаққи касоне, ки ҳақиқатро дарк намуданд, мегӯяд: «Ва онон, ки ба онҳо илм дода шудааст, мебинанд, ки он чӣ аз ҷониби Парвардигорат ба ту фуруд оварда шуд, рост аст ва ба сӯи роҳи (Худои) ғолиби сутудакор далолат мекунад.» (Сураи Сабаъ, 6).

Ҳамчунин Хизрро мадҳ намуда, Мӯсо (а)-ро раҳнамоӣ мекунад, ки аз ин марди раҳмдилу донишманд таълим гирад: «Пас, бандае аз бандагони Моро ёфтанд, ки ба ӯ раҳмате аз назди Худ додаем ва ба ӯ илме аз назди Худ омӯхтаем.» (Сураи Каҳф, 65).

Илм ва офариниши инсон

Қобили мулоҳиза аст, ки дар ин ҷо омӯхтани Қуръон аз офариниши инсон пеш омадааст, агарчи инсон аввал офарида шудаасту баъд таълим гирифтааст. Лекин Худованди азза ва ҷалла илмро пеш гузошт, то ки ишора намояд, ки агар инсон илмро аз даст диҳад, бо он инсонияти худро аз даст медиҳад, гӯё ки ҳоло офарида нашудааст…

Сипас Худои таоло баъди сухан дар бораи офариниши инсон иброз мекунад: «Ба ӯ сухан гуфтан омӯхт» ва гӯё ки илм зиндагонии инсонро аз аввал то охир иҳота карда бошад. Ҳамин тавр, пеш аз зикри офариниш илмро мадҳ мекунад ва баъд аз зикри офариниш низ илмро ситоиш мекунад.

Дар олами ҳайвоноту паррандагон Парвардигор ҷонварони таълимдодашударо аз ҷонварони таълимнагирифта боло бардошта, сайди ҷонварони таълимдодашударо ҳалолу сайди ҷонварони таълимнагирифтаро ҳаром гардонидааст. Худои таоло гуфт: «Аз ту мепурсанд: «Чӣ чиз барояшон ҳалол карда шуд?» Бигӯ: «Бароятон ҳалол карда шуд: покизаҳо; ва он чи ки онро аз ҷонварони шикорӣ омӯхта бошед, дар ҳолате ки шумо омӯзгор бошед, ба инҳо баъзеи он чиро меомӯзед, ки Худо ба шумо омӯхтааст.»(Сураи Моида, 4).

«Ҳасад накунед, магар дар ду чиз»

Пайғамбар (с) мақоми илму донишро хеле баланд бардошта, мардумро дар он пешсаф шудану бартарӣ доштан даъват кардааст. Вобаста ба ин Бухорӣ ва Муслим аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят мекунанд, ки Пайғамбар (с) гуфт: «Ҳасад накунед, магар дар ду чиз: ба марде, ки Худо барояш мол додаасту вай онро дар роҳи ҳақ сарф кардан бахшидааст. Ва ба марде, ки Худо барояш ҳикмат додаасту вай бо он қазоват мекунад ва онро таълим медиҳад» (Бухорӣ, Китоб ул-илм, Боб ул-иғтибот фил-илм вал-ҳикмат (73); Муслим, Китоб салот ил-мусофирин, Боб ман яқум бил-Қуръон ва юъаллимуҳу (816); Ибни Моҷаҳ (4208); Табаронӣ дар «Ал-Авсат» (1712); Абӯяъло (5078); Баззор (1890); Байҳақӣ дар «Шуъаб ул-имон» (7528).

Ҳамаи мулоҳизаҳои мазкур то чӣ андоза аҳамият доштани илмро баён мекунад. Он калонтарин неъматест, ки Худованд ба махлуқоташ арзонӣ доштааст. Аз ин рӯ, ҷои тааҷҷуб нест, агар гӯем, ки илм аз чизҳои камшуморест, ки Парвардигор Расули худро ба таҳсил ва рӯз аз рӯз афзун сохтани он амр намудааст. Худои таоло Пайғамбар (с) ва уммати мусулмонро роҳнамоӣ карда мефармояд: «Ва бигӯ: «Эй Парвардигори ман, маро донише биафзо.» (Сураи Тоҳо, 114).

Худованди таоло илми башарро бо ҳамаи намуду таснифот ва усулу шохаҳояш, мисли илмҳои кайҳон, силоҳ, кимиё, тиб, ҳандаса, ҷуғрофия ва ҳатто илмҳои пешрафтаи муосир чун илмҳои ҳастаию биологӣ ва ғайраро илми андак номидааст: «Ва шумо аз илм, ба ҷуз андаке, [чизе] дода нашудаед.»(Сураи Исро, 85). Дар ин оя барои чашми борикбин ишораест барои бештар ҷустану ноаёнро ошкор сохтан.

Охирсухан

Мо дар ин фасл ҳамаи он чӣ доир ба илму дониш дар китоби Парвардигор ва суннати набавӣ ворид шудааст, фаро гирифта наметавонем. Ин кори хеле мушкил аст.

Мо фақат хостем, ки вазни ҳақиқии илмро дар тарозуи ислом дарёбем. Инсон то аҳамияту арзиши чизеро дарк накунад, ба он парвое намедиҳад. Худои азза ва ҷалларо мепурсем, ки ислому мусулмононро азизу гиромӣ гардонад.

More From Author

You May Also Like