Categories Ахбори рӯз

А. Илҳомов: Ҳукумати Тоҷикистон ҷанги бародаркушро зуд фаромӯш кард

Барои ман исёни генерал Абдуҳалим Назарзода
ғайриинтизор набуд. Пас аз зиёд шудани фишор болои ҲНИТ, ки тибқи
“интихобот”-и моҳи март, бо рондани ин ҳизб аз парлумон оғоз ёфт, гувоҳӣ
аз он медод, ки бояд бархӯрде ба ин амал сурат бигирад, агарчи худи ҲНИТ ба ин
масъала вокуниш нишон надиҳад ҳам, сар задани ин гуна як амал аз тарафи
интихобкунандагон имконпазир ба назар мерасид.

Воқеан, ин ҳизб
ҳанӯз аз замони расмӣ шуданаш, яъне аз соли 1998, ки мубтанӣ бар сулҳи миёни
ҳукумат ва ИНОТ иҷозатномаи фаъолият гирифт, таҳти фишори ҳукумат буд. Ҳамин
тариқ, аллакай соли 2003 Шамсуддин Шамсуддинов, муовини раиси ҳизб ва се нафар
аз хешовандони ӯ зиндонӣ шуданд. Баъдтар 11 нафари дигар аз аъзои ҳизб ба
додгоҳ кашида шуданд. Соли 2006 Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадори муҳтоту мутавасит
сарварии ин ҳизбро бар ӯҳда гирифт. Дар давраи раёсати ӯ исломгароҳо дубора ду
курсии парлумонро банд карданд, ҳарчанд тибқи маълумоти мавҷуд, дар ҳоли доир
кардани интихоботи озоду шаффоф ҲНИТ метавонист чандин маротиба бештар аз ин ду
нафар курсиҳои парлумониро соҳиб шавад. Вале ин тавозунро ҳам ҳукумат дар соли
2015, замоне ки ҲНИТ-ро дар интихоботи моҳи март аз кулли курсиҳо маҳрум кард,
тахриб намуд. Ба касе пӯшида нест, ки бурсияи вукалои парлумон дар ин кишвар дар Дастгоҳи раёсатҷумҳур
муайян мешаванд, на дар натиҷаи интихоби мардум. Ҳамзамон бо ин ҳамалотро болои
Муҳиддин Кабирӣ шиддат бахшида, амалан моликияти ӯро мусодира намудаву дар
робита ба хусусигардонии ғайриқонунӣ муҷримаш донистанд. Бинобар ин ӯ маҷбур
шуд, Тоҷикистонро тарк кунад. 28 август Вазорати адлия аз ҲНИТ талаб кард, то
фаъолияти ғайриқонунияшро қатъ намояд. Баъзе аз аъзои ин ҳизб барои алоқамандӣ
бо терроризм гунаҳкор дониста шуданд. Дар пасманзари ин эҳтимолияти ташдиди
фишор ва табдили он ба саркӯбии мустақими раҳбарият ва аъзои қатории он,
ҳамчунин аъзои собиқи ИНОТ ба вуҷуд омад. 
Ба эҳтимоли зиёд генерал ва ҷонибдорони ӯ пешдастӣ карданд, на он ки
боздошташонро мунтазир бишаванд. “Тajinfo.org”, торнамои мухолифини
Тоҷикистон 6 сентябр изҳороти генералро, ки гӯё тавассути телефон ба яке аз
наздиконаш ироа шуда бошад, нашр кард. Дар ин изҳорот генерал таъйид менамояд,
ки амали ӯ худҷӯш буда, ба хотири фирор аз маҳбас шудани худу ҳамроҳонаш пиёда
шудааст. Иттилоот дар бораи боздошташро
гӯё тавассути яке кашшофонаш гирифтааст. Ҳамчунин дар изҳороти генерал аз
ҷониби гурӯҳи ӯ ба қатл расидани маъмурини пулиси Ваҳдат зимни ҳамла ба ШВКД-и
ин шаҳр рад шуда, гуфта мешавад, ин ҳуҷум бо ташаббуси худи мақомоти ҳукуматӣ
гирифта шуда буд, то далеле бар ҳабси ҷомеъ миёни аъзои собиқ ИНОТ дошта бошад.
Воқеан, бо оғози низои мусаллаҳона оғози ҷанги иттилоотиро низ бояд мунтазир
буд, ки дар ҷараёни он ҳарду тараф якдигарро бо аъмоли ғайриқонунӣ ва куштор
гунаҳкор менамоянд. Ҳарду тараф ҳам мекӯшанд, он паҳлӯи ҳаводисеро ҷилва
диҳанд, ки аз он манфиатдор ҳастанд. Ҳукумат талош меварзад, нишон диҳад, ки
исёнгарон як гурӯҳи қотилон ҳастанд ва ҳукумат аст, ки бинобар фаъолияти
самаранок алайҳи шӯришиён ва ҷонибдорони онҳо вазъро идора менамояд. Барои
шӯришиён ҳам муҳим аст, то нишон диҳанд, ки мақомот бо пеш овардани баҳонае барои
саркӯб кардани мухолифон тамоми усулро истифода менамояд. Барои ҳамин ман
нисбат ба ҳисоботи ВКД ва изҳороти исёнгарон муҳтотона рафтор менамоям.

Ба ҳар ҳол,
наметавон бо боварии садфисада дар мавриди сиҳати изҳорот (то замоне ки худ
тавассути паёми видеоие муроҷиат накунад)-и Назарзода ҳарф зад ва низ инкор
карда наметавонам, ки он боварнокарданист. Дар шарҳи ин масъала бояд гуфт, чаро
исёнгарон чунин як мавзеъ гирифтанд? Онҳо ба дараи Ромит рафтанд. Замони шӯроҳо
ин дара ҳудуди вилояти Ғарм маҳсуб мешуд, вале баъдан шомили ҳудуди навоҳии
тобеи марказ гашт. Ғарм замони ҷанги шаҳрвандӣ яке аз паноҳгоҳҳои аслии
мухолифон буд. Барои ҳамин шӯришгарон дар он ҷо эҳтимол ягон кӯмакеро аз
сокинон интизор шуда тавонанд ва имкони аз ҳамон ҷо ба Афғонистон рафтанро доранд.

Тавре интизор
мерафт, шӯриш ба ҳукумат имконият фароҳам кард, то саркӯбнамоиро дар кишвар
оғоз намояд. То имрӯз 56 тан аз “ҷонибдорон”-и Назарзода аллакай
боздошт шудаанд. Вале номаълум аст, ки афроди боздоштшуда чӣ гуна ҷонибдор
ҳастанд; дар гузашта узви ИНОТ буданд ё умуман, аз навоҳие буданд, ки он ҷо
заминаҳои иҷтимоии мухолифони исломӣ вуҷуд доштанд. Ахиран, ин аз он далолат
менамояд, мавҷи наве аз мухолифатҳои байниминтақавиро интизор буд, ки яке аз
авомили ҷанги 1992-1997 ба шумор мерафт. Тавре маълум аст, он ҷанг ҳадди ақал
ду буъд дошт: байниминтақавӣ (Кӯлоб, шимоли кишвар ва қисме аз Қӯрғонтеппа
алайҳи Ғарм, Бадахшон ва қисми дигари Қӯрғонтеппа, сокинонии ғармии он) ва
идеологӣ (эътилофи исломӣ-демократӣ алайҳи низоми идории дунявӣ дар шакли
номенклатураҳои ҳизбӣ).

Созишномаи
сулҳи 1997 имкони тавозуни қавии муайянеро фароҳам кард, ки дар доираи он аъзои
ИНОТ шомили системаи сиёсии кишвар шуданд, ҳарчанд ҳукумат таҳти султаи томи
Фронти халқӣ буд. Ин тавозун буд ва ҳамчун шарти сулҳи шаҳрвандӣ дар мамлакат
боқӣ мемонад, ҳол он ки Эмомалӣ Раҳмон чаро ба тахриби он иқдом кард?! Ё ӯ ҳис
мекунад, ки ҳаққонияташ бинобар фасоду инқирози иқтисодиёти кишвар поин
меравад, барои ҳамин то зуҳури амвоҷи эътирозоти мардумӣ тасмими таҳкими
ҳукумати худро мегирад ё ба хулосае расидааст, ки бо гунаҳкор кардани бақияи мухолифин
дар робита ба таваҷҷӯҳу алоқаашон ба ДИИШ метавонад ҳисоби онҳоро ёбад. Дар
чунин ҳол, агар қудратҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аз мухолифин ҳимоят накунанд, пас
бетарафиро ихтиёр кардаанд.

Алишер Илҳомов,
ходими илмии Мактаби таҳқиқотҳои шарқӣ ва африқоии Лондон,

муаррих ва ҷомешинос Манбаъ: “http://www.centrasia.ru”

More From Author

You May Also Like