Categories Uncategorized

Интернет ба ҷои газет?

Тибқи оморҳои ахир, теъдоди истифодабарандагони шабакаи интернет 2 миллион нафар буда, ҳамарӯза беш аз 1,4 милион нафар афрод аз Тоҷикистон ба ин шабакаи ҷаҳонӣ пайваст мешаванд.

Феълан дар кишвар зиёда аз 10 ширкати таъминкунандаи интернет ва беш аз 6 оператори мобилӣ фаъолият доранд. Тавре маълум гардид, дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон сол то сол беҳтар гардида истодааст, агарчи дар баъзе манотиқ то ҳанӯз дар ин самт мушкилот вуҷуд дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар солҳои ахир расонаҳои электронӣ ҷойгоҳи расонаҳои чопиро тангтар кардаанд, ки мардум хабару мақолаҳоро аз расонаҳои электронӣ мехонанд.

Ва дар ин замина кишварҳои хориҷ барои тақвияти расонаҳои интренетӣ маблағҳои зиёд ҷудо менамоянд.

More From Author

You May Also Like