Categories Ахбори рӯз

Интиқоди мақомоти Русия аз қатораҳои Тоҷикистон дуруст аст?

Дирӯз 15 май Дмитрий Рогозин, муовини сарвазири Русия, ба расонаҳои ин кишвар хабар додааст, ки аз қатори Тоҷикистон 50 киллограм героин дарёфт шудааст.
Муовини нахуствазири Русия гуфтааст, ки ин қазия ангезаи сиёсӣ надошта ва нишондиҳандаи он аст, ки интиқоди қаблии мақомоти кишвараш аз қатораҳои Тоҷикистон, ки чанде қабл сурат гирифта буд, дуруст мебошанд.
Ҳамчунин Хадамоти матбуоти Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, ки воқеан, дирӯз, 15-уми май дар истгоҳи роҳи Оқсарой аз қатори рақами 319-и Тоҷикистон 40 зарфи пластиро дарёфт кардаанд, ки тибқи иттилои пешакӣ 80 килло героин доштаанд.
Айни ҳол ҳамчун гумонбар дар қочоқи мухаддирот ду роҳбалади қатораи Тоҷикистон боздошт шуда, тафтишот идома дорад. Дар ҳамин ҳол мақомоти Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон дар робитаи ба ин иддаои мақоми русӣ, посух надоданд.
Қаблан Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия ва Генаддий Онишенко, сардухтури санитарии Русия аз қаторҳои Тоҷикистон дидан карда, изҳор доштанд, ки вазъи онҳо ба одитарин талаботи санитарӣ ҷавобгӯ нест ва пешниҳод карданд, ки иртибот тавассути роҳи оҳан бо Тоҷикистон қатъ карда шавад. Мақомоти тоҷик ин иттиҳомотро комилан рад карданд.

More From Author

You May Also Like